МУВАФФАҚИЯТОяндаи ҳар миллат аз тарбияи кӯдаконаш вобаста аст!

Ояндаи ҳар миллат аз тарбияи кӯдаконаш вобаста аст!

-

«Дарвоқеъ, ояндаи ҳар миллат аз он вобаста аст, ки кӯдакон ва наврасон чӣ гуна ба воя мерасанд ва чӣ бартарӣ доранд.» (Изҳороти Идораи миллии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар соли 1999).

Дар изҳорот таъкид мегардад, ки “кӯдакон имрӯз пешгомҳои ояндаи кишваранд ва аз ин рӯ ҳар гуна хароҷот барои тандурустӣ, беҳдошт, маориф, амнияти иҷтимоӣ ва маорифи ин қишри аҳолӣ дар воқеъ як навъ сармоягузории дарозмуддат аст.”

1 июни Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак  дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон таҷлил мешавад ва Тоҷикистон низ аз қабили онҳост.

ЮНИСЕФ Рӯзи ҷаҳонии кӯдаконро 20 ноябр муқаррар кардааст.

Дар баъзе кишварҳо ин сана гуногун аст. Аз ҷумла, дар Зеландияи Нав якшанбеи аввали моҳи март, Тайван ва Ҳонконг 4 апрел, Бангладеш 17 март, Фаластин 5 апрел, дар Туркия 23 апрел таҷлил мешавад. Корея ва Ҷопон 5-уми май, Испания ва Англия якшанбеи дуюми май.

Санаде бо номи “Эъломияи умумии ҳуқуқҳои кӯдак” қабул гардидааст, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кӯдаконро муқаррар мекунад. Давлатҳое, ки ба эъломия имзо гузоштаанд, уҳдадоранд, ки аз онро риоя намоянд. Конвенсия аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 қабул шуда, 2 сентябри соли 1990 эътибор пайдо кард. То кунун 193 кишвари ҷаҳон (ҳамаи аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба ҷуз Иёлоти Муттаҳида ва Сомалӣ) ин санадро имзо кардаанд ва он дар 140 кишвари ҷаҳон амалӣ мешавад.

Мутаассифона, имрӯз мушкили кудакон дар саросаи олам ҳал нашуда, дар баъзе кишварҳои Осиёву Африқо кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ ва сироят гардидан ба бемориҳои вазнин зиндагӣ мекунанд. Шумораи фавти кӯдакон дар ин кишварҳо нисбат ба мамлакатҳои пешрафта ду баробар зиёд аст ва беш аз 140 миллион кӯдакон, ки аз нисф зиёди онҳоро духтарон ташкил мекунанд, аз муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ дур мондаанд.

Акс аз интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад