МУВАФФАҚИЯТМавқеи смартфонро чӣ танг мекунад?

Мавқеи смартфонро чӣ танг мекунад?

-

Директори ширкати Nokia Пекка Лундмарк дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос гуфт, 6G то соли 2030 ба бозори тиҷоратӣ ворид хоҳад шуд. Аммо таъкид намуд, ки дар ояндаи наздик смартфон мавқеи худро аз даст хоҳад дод».

Ба бовари Лундмарк, то охири ин даҳсола инсоният дастгоҳҳои қулайтар ва муосирро ба телефонҳои маъмулӣ иваз мекунад. Роҳбари ширкати Nokia айнакҳои интеллектуалӣ ва дигар дастгоҳҳоеро бартарӣ медиҳад, ки корбарон ба рӯи худ мепӯшанд. «Бисёре аз ин чизҳо бевосита дар бадани мо сохта мешаванд.»,- гуфт Лундмарк. 

Зимни суханронӣ дар ҳамон ҷаласа, директори молияи Google Рут Порат қайд намуд, ки технологияҳо бисёр мушкилоти рӯзмарраро ҳал хоҳанд кард. «Мо истифодаи айнакҳои интеллектуалӣ, масалан, айнакҳои мутарҷими матн дар оинаҳои онро интизорем.»,- гуфт Порат.

Дар миёнаҳои моҳи май Google намунаи айнакеро бо имконоти тарҷумаи овоз ба матнро намоиш дод. Ширкат тавзеҳ дод, ки маҳсулоти пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки одамон аз манотиқи мухталифи ҷаҳон муошират карда, монеаи забонӣ аз байн меравад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад