МУВАФФАҚИЯТ10 варзишгари беҳтарин киҳоянд?

10 варзишгари беҳтарин киҳоянд?

-

Исми 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҷониби Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон нашр гардид.
Дар ин рӯйхат -Темур Раҳимов (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни +100 кг дар Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2021”) дар Бокуи Озарбойҷон, медали биринҷии мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2021” дар Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Душанбе.
Акмалиддин Каримов (самбо) – барандаи медали тиллои чемпионати ҷаҳон дар вазни 58 кг дар Тошканди Ӯзбекистон, медали нуқраи Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия.
Комроншоҳ Устопириён (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 90 кг дар Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” (“Abu Dhabi Grand Slam 2021”) дар Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар Душанбе.
Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 73 кг дар Бишкеки Қирғизистон.
Хушқадам Хусравов (самбо) — барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 64 кг дар Тошканди Ӯзбекистон, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия.
Далер Ризозода (гуштини юнониву румӣ) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 77 кг дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон.
Миҷгона Самадова (бокс) — барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, медали тиллои Ҷоми ҷаҳон дар Нижневартовски Русия.
Баҳодур Усмонов (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 64 кг дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб.
Шаббос Неъматуллоев (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 81 кг дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб.
Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ) — барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 67 кг дар Бейрути Лубнон шомил гардидаанд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад