МУВАФФАҚИЯТМеҳровар: нуқс дар фикру мағз маъюбист!

Меҳровар: нуқс дар фикру мағз маъюбист!

-

Меҳровар дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ буда, вале рӯҳафтода нашудаву шоирӣ, блогерӣ ва вероишгарӣ мекунад. Айни ҳол Роҳбари филиали Иттиҳодияи маъюбони ноҳияи Мастчоҳ аст.

Овони бачагиву наврасиаш дар Кӯҳистони Мастчоҳ пушти сар шуда, баъди хатми мактаби миёна ба шаҳр меояд. Номи насаби аслиаш Дилшодзода Файзуллои Сулаймон буда, ӯро бо тахаллуси Меҳровари Мастчоҳӣ мешиносанд.

Рӯ ба шеър овардани бародараш муҳаббати шеър гуфтанро дар дили Меҳровар  бедор кардааст. Аз овони бачагию наврасӣ рубоиву шеър менавишт ва акнун ду маҷмӯаи шеърияш-“Шабеҳи Шарқ” ва “Саодат аз иродат” рӯи чопро дидаанд. Ба гуфти ин ҷавони муваффақ, ҷисми бонуқс маъюбӣ нест. Инсоне, ки нуқс дар фикру мағз дорад, маъюб аст!

Меҳровар замоне ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷҷат супорид, ки то имтиҳон ҳамагӣ як рӯз вақт боқӣ монда буд. Ба гуфти ӯ, интихоби касбаш таваккалӣ буд. Зеро, бинобар сабаби вақти кам ба  номгӯи ихтисосҳо шинос шуда натавонист.

Аз замони донишҷӯӣ ба баргузории маҳфилҳои шеъру шоирӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ихтиёрӣ хизмат мекард ва худро сайқал медод. Иштирокчии анҷумани Адибони ҷавони ИНТ дар солҳои 2020-2021 аст.

Меҳровар дар шабакаи иҷтимоии youtube саҳифаи хешро дошта, ҳаводоронашро аз эҷодиёташ бохабар месозад.

Меҳровар то дами донишҷӯӣ ва роҳу равиши худро пайдо кардан дар дукон қурутфурӯшӣ мекард, дар саҳро ба корҳои хоҷагӣ кумак мерасонид. Ҳоло 300 сомонӣ  нафақаи маъюбӣ мегирад.

Фарзона Муродӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
12
+1
8
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад