БИЗНЕС-КЛУБФорум дар Брюссел ва имзои ду ёддошти тафоҳум

Форум дар Брюссел ва имзои ду ёддошти тафоҳум

-

Дар форуми сармоягузорӣ, ки 18 май дар Брюссел баргузор гардид роҳбарону намояндагони ниҳодҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо, Парлумони Аврупо, роҳбарон ва кормандони ширкатҳои Белгия, Швейтсария, Подшоҳии Муттаҳида, дигар мамлакатҳои Аврупо ва  зиёда аз 115 нафар соҳибкорони минтақа, ки бахшҳои нассоҷию бофандагӣ, саноати кӯҳкорӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, аз ҷумла бахши зеҳни сунъӣ, саноати сабук, тавлиди ҷавоҳирот ва заргарӣ, рушди кишоварзиву бахши саноатикунонии чорвопарварӣ, коркарди сангҳои ороишӣ ва бинокориро намояндагӣ мекарданд, иштирок намуданд.

Ба иттилои АМИТ «Ховар», Тоҷикистонро дар ин форум Тоҷикистонро роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноат ва гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ намояндагӣ намудаанд.

Дар форум Раиси Шӯрои директорони ширкати саҳомии «ТАЛКО»  бо роҳбари ширкати швейтсарии «Васт рисорсиз ПЛС» Эндрю Прелеа ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки маҷмӯи маблағгузориаш 20 миллион $-ро ташкил медиҳад.

Ширкати ватании «Авесто групп» бо ширкати белгиягии «Пиканол Н.В.» дар масоили нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ширкати ватании «Амина» бо ширкати «Интреко»-и Белгия ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонидааст.

Акс аз АМИТ «Ховар»

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад