МУВАФФАҚИЯТ6 барномаи навраси тоҷик дар Play Market

6 барномаи навраси тоҷик дар Play Market

-

Як навраси 16-солаи тоҷик ҳанӯз аз 5 соли қабл ба барномасозӣ шурӯъ кард ва то кунун чандин барномаи ӯ дар Play Market дастрас аст.

Барномасозӣ шуғли муосир ва сердаромад буда, талабот ба мутахассисони ин соҳа зиёд аст. Солҳои охир тавваҷуҳи наврасону ҷавонон ба ин соҳа афзӯда, марказҳои омӯзиши барномасозӣ низ зиёд мегарданд.

Иқбол Темирхоҷаеви 16-сола яке аз дилбастагони ин соҳа аст. Феълан хонандаи синфи 10-уми мактаби хусусии «Гулчини маърифат» мебошад.

Иқбол барои системаи Android барнома месозад ва айни ҳол 6 барномаи сохтаашро дар Play Market ҷой додааст. Аз ҷумла, «Қонуни маориф», «Ҷаҳони бофаросат», «NUN.tj», «Dono», «ТехноЗнаток» ва «Парчам». Ин барномаҳоро беш аз 8 ҳазор кас боргирӣ кардаанд.

«Яке аз барномаҳое, ки аз ҳама зиёд боргирӣ шудааст ин «Қонуни маориф» мебошад, ки беш аз 5 ҳазор муаллим онро истифода мебаранд.», — мегӯяд Иқбол

Лоиҳаи дигари Иқбол-«Dono» номгузорӣ шуда, барои забономӯзӣ пешбинӣ гардидааст. Иқбол ин барномаро дар ҳамоиши байналмилалии
EMERGE — INTERNATIONAL TECH CONFERENCE дар шаҳри Минск муаррифӣ намуда буд.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
19
+1
4
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад