МУВАФФАҚИЯТМоҳикалон Холова: шавҳарам маро тарк, вале ман касбашро тарк...

Моҳикалон Холова: шавҳарам маро тарк, вале ман касбашро тарк накардам!

-

Моҳикалон Холова, сокини Ховалинг-яке аз ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон буда, 33 сол аст, ки кафшдӯзӣ мекунад. Кафшдӯзӣ ягона манбаи даромадӣ ӯ маҳсуб мешавад. Ин ҳунарро аз шавҳараш омӯхтааст. Қаблан Моҳикалон бо шавҳараш кафшдӯзӣ мекард, вале дар рафти зиндагии якҷоя соҳиби писар нагардиданд. Бинобар ин, шавҳараш ӯро тарк намуда, ба муҳоҷират меравад. Моҳикалон кораш-кафшдӯзиро тарк накарда, баръакс, ба духтаронаш низ омӯзонд.

“Ман бо ҳунар ҳамаи духтаронамро хонадор кардам ва камбудиҳои рӯзғорро комил. Як духтарам бемори вазнин гардида буду дар беморхона бистарӣ шуд. Ӯро бе ёрии касе табобат кардам. Аз ин рӯ, ман ин касбро барои худ муқаддас медонам. Маро шавҳарам бинобар таваллуд накардани писар тарк намуд, вале ман ин касбро тарк накардам, зеро,  хор мешудам”,- мегуяд Холова Моҳикалон.

Моҳикалон Холова дар маркази ноҳияи Ховалинг дукони кафшдӯзӣ дорад ва ҳамарӯза машғули ин кор аст. Духтаронаш низ дар хонаи шавҳар кафшдӯзӣ мекунанд. Дукони яке аз духтаронаш  наздик ба дукони модар аст.

Моҳикалон Холова нозукиҳои ин касбро афроди зиёде омӯзондааст. Теъдоди шогирдонаш беш аз 50 нафаранд.

Дар ноҳияи Ховалинг аксарият Моҳикалонро мешиносанд ва ҳамагӣ пойафзолашонро барои таъмир назди ӯ мебаранд. Ҳамзамон, ӯ дар баробари таъмири пойафзол, анвои гуногуни пойафзолро омода мекунад. Вай бо истифода аз латтапора ва намад барои мардони деҳот кафшҳои махсус медӯзад, ки онро ҳангоми дарав ва дигар корҳои хоҷагӣ мепӯшанд. 

 Баҳруллои Маҳмадшариф

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
9
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад