МУВАФФАҚИЯТГузориши аксӣ: киҳо ғолиб шуданд?

Гузориши аксӣ: киҳо ғолиб шуданд?

-

Озмуни «Беҳтарин гузориши аксӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибон рӯзи 5 майи соли равон дар маросими бошукуҳе бахшида ба Рӯзии озодии матбуот эълон ва ба туҳфаву ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.  

Аминҷон Раҳматзода, бо гузориши аксии “Мардикорзан” мақоми аввал ва туҳфаи асосӣ-дастгоҳи аккосии ҳирфаиро соҳиб шуд.

Қаҳрамони ин гузориши аксӣ Райҳон Ҳакимова аст, ки барои дарёфти ризқу рӯзи фарзандонаш ба мардикориву хизматгорӣ машғул мешавад.

Аксҳо аз саргузашти ин зан нақл мекунанд, ки чӣ гуна корҳои сангинро анҷом медиҳад то фарзандонаш хушбахт бошанд.

Гузориши аксии “Баъд аз кӯштӣ” аз таъсири инсоният ба муҳити зист нақл мекард, ки тамошобини чорабинии варзишӣ баъди поёни кӯштӣ партовҳои худро ба ҷой гузошта, тарки ин макон карданд. 

Муаллифи аксҳо Шералӣ Давлатов аз ҷараёни кӯштии миллӣ аксбардорӣ намудааст, ки  26 феврали соли равон дар ноҳияи Темурмалик баргузор гадида буд. Гузориши аксӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳои баланд гирифт ва муаллиф аксҳо бо телефони ҳушманд қадрдонӣ шуд.

Ҳамин тавр, гузоришҳои муаллифон-Рустамбек Аҳмадзода (Моҳихӯрак), Дилшод Болтаев (Дар кӯчаҳои шаҳр), Умед Набиев (Деҳа), Давлатҷон Абдуллозода (Шоҳпарак) Хоҷамирзода Муҳаммадсолеҳ (Китобхона) Талабшоҳ Ҳанипов (Бузкашӣ бо хар) аз ҷониби ҳайати доварон баҳои баланд гирифта, ба ин нафарон телефони ҳушманд тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки озмуни “Беҳтарин гузориши аксӣ” аз 15 феврал то 15 марти 2022 идома ёфт ва дар он  беш аз 100 довлатаб акс фиристоданд, ки аксарияти онҳо қабл аз эълони озмун аксбардорӣ шуда буданд ва бинобар ин, аксҳо мавриди баррасии ҳайати ҳакамон қарор нагирифт.

Дар сомонаи jom.tj мо 43 гузориши аксии 34 муаллифро нашр намудем, ки 9 нафари онҳо барои пешниҳоди силсилааксҳои ҷолиб соҳиби ифтихорномаву туҳфа шуданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад