МУВАФФАҚИЯТИскандар Толибов: духтар баракати хона аст!

Искандар Толибов: духтар баракати хона аст!

-

Искандар Толибов дар тӯйи арусии духтараш

Бархе бо таваллуди пай дар пайи духтар дар оила аз завҷи худ гиламанд мешаванд, ки барои ӯ писар зода натавонист. Ҳатто ҷудошавии оилаҳо бинобар ин ҳолатҳо то кунун ҷой дорад. Аммо на ҳамеша чунин аст ва на ҳама мардон бо таваллуди духтар дар оила занонро маломат мекунанд.

Қаҳрамони навбатии мо оилае ҳастанд, ки писар надоранд, вале бо вуҷуди ин, аз тақдир розианд.

Хонаводаи Толибовҳо худро яке аз хушбахттарин оилаҳо медонанд. Ҳама фарзандони хонавода духтар ҳастанд- Фарзона, Меҳрангез, Соҳиба ва Мафрӯза.

Искандар Толибов, падари хонадон ва Сурайё Толибова модари ин духтарон меболанд, ки Худованд барои онҳо 4 духтари солим  додааст.

Духтарон дар интихоби касб озод буданду волидон монеъ  нашуда, баръакс, дастгирӣ кардаанд. Сеи онҳо дорои маълумоти олӣ ҳастанд. 

«Мо духтаронро дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ба воя расондем, соҳиби маълумоти олӣ намуда, Алакай Фарзона, Меҳрангез ва Соҳибаро ба хонаи бахт гусел намудем. Духтари хӯрдӣ-Мафрӯза донишҷӯи соли чорум аст.», -мегӯяд модари хонадон Сурайё Толибова.

Ба иттилои модари ин духтарон, корҳои хонаро низ фарзандон бо меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ, бе ягон низоъу нофаҳмӣ ба анҷом мерасонданд. Ҳар яки онҳо корҳои хонарои қисмат намуда буданд. Агар яке ба корҳои ошхона машғул мешуд, дигаре бо корҳои хона.

Падари хонадон духтаронро неъмате медонад, ки Худованд барояш додааст. “Ҳар боре духтар таваллуд мешуд, заррае ғамгин намешудам. Зеро, фарзанд новобаста аз ҷинс додаи Худованд аст ва шукргузорам.”,- мегӯяд падари духтарон.

Сурайё Толибова мехоҳад ҳар ҳафта духтаронаш ба хона оянду набераҳояшро оранд:

“Ҳар боре пазмон мешавам ба духтарон занг зада ба хона даъват мекунам. Агар худи онҳо омада натавонистанд, набераҳоямро равон мекунанд. Хушҳолии набераҳоямро дида хастагиамро фаромӯш месозам”.

Духтарон изҳори қаноатмандӣ менамоянд, ки Худованд барояшон падару модари ҳалим ва закӣ додааст.

Муҳаммад Маҳмадзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад