БИЗНЕС-КЛУБКоркарди писта чӣ гуна 30 баробар афзӯд?

Коркарди писта чӣ гуна 30 баробар афзӯд?

-

Ашӯралӣ Самадов

Хоҷагии истеҳсолии “Ёсинҷон” қаблан 5 кг пистаро дар як рӯз коркард мекард, акнун бо дастрас намудани таҷҳизоти муосир иқтидораш 30 баробар афзӯда, дар як рӯз то 150 кг пистаро коркард менамояд.  

Ашӯралӣ Самадов, сармутахассиси хоҷагии деҳқонии “Ёсинҷон”-и Ҷамоати Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон буда, дар баробари дигар корҳои хоҷагӣ, ҳамзамон, ба коркарди писта низ машғул аст.

Қаблан Ашӯралӣ аз заминҳои хоҷагӣ, ки бештараш дарахтони писта аст, ҳосилро ҷамъоварӣ намуда, коркард мекард. Дар ин кор ҳамсоягонро низ ҷалб мекард, вале миқдори маҳсулоти ниҳоӣ ҳамагӣ 5 кг дар як рӯз буд.

Роҳбарии хоҷагии “Ёсинҷон”-ро ҳамсараш Раҷабамоҳ Бобоева ба уҳда дорад. Ин зан дар якҷоягӣ бо шаҳвараш корхонаи коркарди пистаро, ки аз ҷониби лоиҳаи USAID оид ба “Рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” маблағгузорӣ шудааст, фаъол намуданд.

Технологияҳое, ки аз ҷониби лоиҳаи мазкур ба ин коргоҳ тақдим шудааст, 100 000 доллар арзиш дорад.

Акнун хоҷагии “Ёсинҷон” дар мавсими навбатӣ, ки аз моҳи август оғоз мешавад, метавонад дар як рӯз то 150 кг анвои гуногуни пистаро коркард намояд ва зиёда аз 5 нафаро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кунад.

Хоҷагии “Ёсинҷон” талош дорад маҳсулоти тайёрро ба хориҷ низ содир намояд.

Хосиятхон Комилова намояндаи Лоиҳаи USAID оид ба «Рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” мегӯяд, ду ноҳияи пистапарвари вилояти Хатлон ноҳияи Хуросон ва Панҷ 6 коргоҳи коркарди писта бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ки дар ояндаи наздик пистаҳои истеҳсоли Тоҷикистон бо бренди “Made in Tajikistan” ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ меёбанд.

Шералӣ Давлатов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
1
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад