БИЗНЕС-КЛУБТоҷикистон хостори имзои созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират бо...

Тоҷикистон хостори имзои созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират бо Корея шуд

-

Амонзода Ширин, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари худ ба Кореяи Ҷанубӣ бо вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати ин кишвар Ан Кёнг Дук дидору гуфтугӯ кардааст. Дар зимн Корея барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба худ дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ба сатҳи нав расонидани он бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст. 

“Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди имкони густариши доираи кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Корея ва имзои Созишнома байни Ҳукуматҳои Тоҷикистону Корея дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори дархост кард”,-  иттилоъ медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар.

Ан Кёнг Дук, вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати Корея ба рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар солҳои охир баҳои баланд дода, омодагии худро барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ба сатҳи нав расонидани онро таъкид намудааст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад