ВАРЗИШФутболбозони қонуншикан муҳокима шуданд

Футболбозони қонуншикан муҳокима шуданд

-

Қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои таҳти сарпарастии Лигаи футболи Тоҷикистон дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ба иттилои  сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷаласаи Кумитаи назорату интизомӣ таҳти раёсати Тоҳир Нурзода 6 апрел баргузор гардид.

Чемпионати Coca-Cola Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ

Дар ин бозиҳо «Равшан (Кӯлоб) моддаи 6 банди 1-и Кодекси интизомии ФТФ-ро вайрон кардааст. Бинобар ин, директори дастаи «Равшан (Кӯлоб) Ғайраталӣ Мираҳмедов ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Барои риоя накардани моддаи 7 банди 17 Кодекси интизомии ФФТ, яъне, истифодаи сухани қабеҳ нисбат ба рақиб дар бозии Чемпионати Кока-Колаи Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ «Эсхата» — «Хуҷанд » (3 апрел) бозигари дастаи «Хуҷанд» Алишер Баротов аз 2 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Барои вайрон кардани талаботи моддаи 7 банди 3 Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Чемпионати Coca-Cola-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ «Эсхата» — «Хуҷанд» ( 3 апрел) бозигари тими «Хуҷанд» Фирдавс Чақалов аз як бозӣ маҳрум ва 300 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 13 Кодекси интизомии ФФТ, яъне, риоя накардани шарту талаботи низомнома дар Чемпионати Coca-Cola-2022, дастаи «Равшан» (Кӯлоб) 1000 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 13 Кодекси интизомии ФФТ, ки дар риоя накардани шарту талаботи низомнома дар бозии Чемпионати Чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ «Хатлон»  — «Равшан» (Кӯлоб) (3 апрел), тими «Хатлон» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 13 Кодекси интизомии ФФТ, ки дар риоя накардани шарту талаботи низомнома дар бозии Чемпионати Coca-Cola-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ Эсхата»-«Хуҷанд» (3 апрел), дастаи «Хуҷанд» 1000 сомонӣ ҷарима шудааст.

— Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 13 Кодекси интизомии ФФТ, ки дар риоя накардани шарту талаботи низомнома дар бозии Чемпионати Coca-Cola-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ Эсхата»- «Хуҷанд» (3 апрел), тими «Эсхата» 500 сомонӣ ҷарима шуд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022

(Вайрон шудани талаботи моддаи 7 банди 28.1.9-и Кодекси интизомии ФФТ)
Барои таъсири ҷисмонӣ ба довар дар бозии ниҳоии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022 “Хатлон” – “Равшан” (Кӯлоб) (март) 18) бозигари тими «Хатлон» Жан Гатен Н.Д аз 10 бозӣ маҳрум ва 2500 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ

(Талаботи моддаи 7 банди 25-и Кодекси интизомии ФФТ вайрон шудааст)
Барои  вайронкунии ҷиддии қоидаҳои бозӣ дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Эсхата» — «Хуҷанд» ( 2 апрел), бозигари тими «Хуҷанд» Муҳаммадалӣ Азизбоев аз 2 бозӣ маҳрум шудааст.

(Вайрон шудани талаботи моддаи 7 банди 24 Кодекси интизомии ФФТ)
Дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Файзканд» — «Истаравшан» (1 апрел) рақиб зарба задааст. Бинобар ин, бозигари тими «Файзканд» Сайриддин Мираҳмадов аз 3 бозӣ маҳрум шудааст.

(Талаботи моддаи 7 банди 24 Кодекси интизомии ФФТ вайрон шудааст)
Дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Файзканд» — «Истаравшан» (1 апрел) рақиб зарба задааст. Ба ин хотир, бозигари дастаи «Истаравшан» Искандар Орипов аз 3 бозӣ маҳрум шудааст.

Акс аз интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
2
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад