МУВАФФАҚИЯТМашваратҳои ройгони ҳуқуқии Раҳимҷон аз тариқи YouTube, Instagram ва...

Машваратҳои ройгони ҳуқуқии Раҳимҷон аз тариқи YouTube, Instagram ва Facebook

-

Раҳимҷон Мирқосимов

Раҳимҷон Мирқосимов аз тариқи шабакаҳои YouTube, Instagram ва Facebook донишҳои андухтаи ҳуқуқиашро ба ҷомеа қисмат мекунад. Ӯ ҳоло донишҷӯи соли сеюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. 

Раҳимҷон мегӯяд, солҳои аввали донишҷӯӣ иқдомҳои хуби дигаронро медид ва ба худ мақсад гузошт, ки донишҳои ҳуқуқиашро афзун ва онро ба дигарон низ меомӯзад.

Инак, як сол мешавад, ки Раҳимҷон дар Facebook ва камтар аз ин вақт дар YouTube ва Instagram ба норушаниҳо равшанӣ меандозад. Ӯ мавзӯҳои муҳим ва рӯзмараро интихоб карда, шарҳ медиҳад ва ин чунин обуначиҳояш дар шарҳу паёми шахсӣ савол медиҳанд. 

“Ҳолате нест, ки саволкунанда аз ҷавоб қонеъ нашуда бошад. Зеро, ба дилхоҳ савол бо далел посух медиҳам.»
Раҳимҷон барои омода кардани наворҳояш ба китобҳои соҳавӣ ва устодонаш муроҷиат мекунад.

Ҳуқуқшиноси ҷавон ҳоло кӯшиш дорад то ҳамарӯза наворҳои гуногун омода ва манзури обуначиҳояш гардонад. Ӯ мегӯяд, ки бовуҷуди донишҷӯ буданаш ин кор ба дарсаш халал намерасонад ва ҳатто таҳсилро бо баҳои аъло идома медиҳад.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
9
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад