БИЗНЕС-КЛУБ30 ғояи беназири тиҷорати хурд дар соли 2022 (Имтиҳон...

30 ғояи беназири тиҷорати хурд дар соли 2022 (Имтиҳон кунед)

-

Оё шумо дар ҷустуҷӯи ғояҳои дурусти тиҷорати хурд дар имсол ҳастед?

Рӯйхати 30 ғояи тиҷорати хурдро пешниҳод мекунем, ки метавонед имтиҳон намоед.

Хушбахтона, оғози ин тиҷоратҳо барои шумо осонанд, пеш аз ҳама сармоягузории зиёди молиявиро талаб намекунанд. Танҳо таҷрибаи ками техникӣ бояд дошта бошед.

1.Хадамоти назофат

Дар бораи оғози тиҷорати назофаткорӣ фикр кунед. Зеро, хеле осон аст ва шумо метавонед бо сармояи хеле кам ба кор шурӯъ намоед. Баъзан вақт ба шумо танҳо собун ва моеъи шустушӯӣ лозим мешавад.

Хадамоти тамизкории хона: Дар ҳамсоягии худ баъзе мутахассисони аз ҳад зиёд машғул ва муҷаррадро медонед? Чаро ба онҳо наздик нашаведу бо пули ночиз хонаашонро тоза накунед? Шумо ҳайрон мешавед, ки чӣ гуна ин тиҷорат метавонад зуд рушд кунад.
Тозакунии мошин: Баъзе соҳибони мошинҳо барои тоза кардани мошинҳои худ вақт надоранд. Чаро ба онҳо каме кӯмак нарасонед? Шумо ҳатто метавонед ба ширкатҳо муроҷиат кунед ва хоҳиш кунед, ки парки мошинҳои онҳоро тоза менамоед.
Тозакунии қолин: Оғози хадамоти тозакунии қолинҳои муассисаҳои тиҷоратӣ ё хонаро низ хуб аст.

2. Тиҷорати нависандагии озод ё фрилансерӣ

Навиштани озод яке аз осонтарин тиҷорати онлайн аст, ки дар соли 2022 метавонед оғоз кунед. Компютер ва пайваст намудани он ба интернет бароятон лозим меояд.

Бар хилофи ақидаҳои маъмул, барои оғоз кардани кор ба шумо лозим нест, ки дараҷаи журналистика, адабиёт ё забони англисӣ дошта бошед.

Агар шумо дар як соҳаи муайян таҷриба дошта бошед, —  тариқи навиштан дар ин мавзӯъ ё наворбардории видео барои канали YouTube-и худ метавонед тиҷорати хешро оғоз бахшед.

3. Amazon Kindle Publishing

Шумо метавонед ҳатто ҳангоми истироҳат бо навиштан пул кор кунед. Шумо бешубҳа, метавонед, ба шарофати Amazon Kindle Publishing ин корро анҷом диҳед. Интишори Amazon kindle-чунин аст кори он: Шумо китоб менависед ва онро ба Amazon Kindle Publishing бор мекунед. Гурӯҳи баррасии Amazon китобро баррасӣ менамояд. Пас аз тасдиқ, он дар Amazon нашр мешавад ва хонандагон метавонанд китоби шуморо харидорӣ кунанд. Аз фурӯши ҳар китоб Amazon як фоизи муайянро мегирад ва боқиро ба шумо вогузор менамояд.

4. Нигоҳубини кӯдак

Оё шумо бо кӯдакон хуб муносибат карда метавонед? Чаро ба волидайни серкор кумак накунеду бо тиҷорати кӯдакистон замина нагузоред?

Оғози тиҷорати нигоҳубини рӯзона метавонад фоидаовар бошад. Илова бар ин, ба шумо сармоягузорӣ лозим нест. 

5. Нигоҳубини ҳайвонот

Агар ба шумо доштани ҳайвоноти хонагӣ маъқул бошад ва нигоҳубини онҳо бароятон душвор нанамояд, пас дар бораи оғози тиҷорати нигоҳубини ҳайвонот фикр кунед.

6. Наворгирӣ аз фазо

Талабот ба аксбардорӣ аз фазо дар даҳсолаи охир ниҳоят серталабот шуд. Агар шумо аз идораи дрон мебароед — ё ҳадди аққал онро зуд ёд мегиред — тиҷорати аксбардорӣ (наворбардорӣ) аз фазо фикри бад нахоҳад буд.

Хушбахтона, як дрони хуб гарон нест — бо камтар аз 1,500$ шумо метавонед аз мағозаҳои интернетӣ харидорӣ намоед.

Мизоҷони идеалии шумо: таҳиягарони амволи ғайриманқул, навхонадорон, коргардонҳои филм ва мусиқӣ.

7. Сохта ва фурӯши мавзӯҳои онлайн

Шумо аз тариқи WordPress метавонед корҳоеро анҷом диҳед, масалан, блогсозӣ.

Аммо, агар шумо дар бораи WordPress дониши маҳдуд дошта бошед, шумо метавонед кори худро бо Bootstrap, CSS, HTML ва Js анҷом дода дар GetBootstrap гузоред.

8.Блогерӣ

Барои муваффақ шудан дар блогерӣ, шумо бояд ҷойеро бо рақобати кам пайдо кунед ва ҷиддӣ вориди ин кор шавед. Блогерӣ як идеяи хуби тиҷоратӣ барои донишҷӯён ва модарони хонашин мебошад.

9.Қосиди ғизорасон

Боз кардани тарабхона метавонад даҳшатовар ва сармояталаб бошад. Агар шумо дар ҷустуҷӯи кор, вале бидуни маблағ ҳастед, аз интиқоли хӯрок оғоз кунед.

Ин чунин натиҷаовар аст: шумо дар хона таомҳои босифату болаззат омода мекунед ва сипас онҳоро ба коргоҳҳо ва хонаҳо ба мизоҷонатон мерасонед.

10.Идоракунии амвол

Агар шумо қаблан дар соҳаи амволи ғайриманқул кор карда бошед ё шумо танҳо дар мудирият маҳорат дошта бошед, метавонед муваффақ шавед.

Гап сари он аст, ки бисёре аз соҳибони амвол, ки барои идораи амволи худ дар саросари шаҳр вақт надоранд, ба онҳо касе лозим аст, ки ба боварии онҳо сазовор гашта, ки иҷорапулӣ ҷамъоварӣ кунад, ашёи шикастаро дуруст намояд, иҷорагирони бадро аз хона берун кунад.

(Идома дорад)

Баргардонии матлаб аз сомонаи adoric.com

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад