МУВАФФАҚИЯТСабқати бонувони ҷавони дучархасавор то 111км

Сабқати бонувони ҷавони дучархасавор то 111км

-

Дирӯз, 28 март дар доираи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ бонувони ҷавон дар масофаи 61км, бонувони то 23-сола дар масофаи 111км ва ҷавонписарон дар савофи 130км сабқат карданд.
Миёни бонувони ҷавон ва ҷавонписарон варзишгарони Ӯзбекистон София Каримова ва Самандар Султонов ғалаба карданд. Миёни ҷавонони то 23-сола бошад, намояндаи Қазоқистон Глеб Бруссенский пирӯз шуд.
Дар рӯзи чорум миёни бонувон ду варзишгари тоҷик Гулшан Қурбонова, Гулширин Ҷумақулиева, миёни ҷавонписарон Наҷибулло Рустамов, Ҷамолиддини Ҷумахон, Фирдавсҷон Қодиров, Абдусамад Одилов ва миёни ҷавонписарони то 23-сола Манучеҳр Юнусов, Манучеҳр Абдуллоев, Хуршед Маҳмадалиев, Муҳаммадҷон Азизов иштирок карданд. Натиҷаи беҳтарро Наҷибулло нишон дод. Ӯ масофаи 111 километрро бо натиҷаи 3:21:06 тай намуда, миёни 32 нафари иштирокчӣ ҷои 10-умро ишғол кард. Манучеҳр бошад, бо натиҷаи 3:21:06 миёни 32 нафар 16-ум шуда ба марра расид.

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ
Натиҷаҳои рӯзи чорум

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавондухтарон, 61км
1. София Каримова (Узбекистон), 1:36:45
2. Алина Спирина (Қазоқистон), 1:36:45
3. Даря Казакбай (Қазоқистон), 1:40:39

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавонписарон, 111км
1. Самандар Султонов (Узбекистон), 2:47:13
2. Максим Тараскин (Қазоқистон), 2:47:13
3. Иля Карабутов (Қазоқистон), 2:56:50

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавонписарони то 23-сола, 130км
1. Глеб Бруссенский (Қазоқистон), 3:10:42
2. Даниил Пренский (Қазоқистон), 3:10:42
3. Николас Винокуров (Қазоқистон), 3:10:42

Мусобиқаҳои оянда:
Имрӯз, 29 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175км)

30 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111км)

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад