МУВАФФАҚИЯТНаврӯз-ҷашни баробарӣ ва адолат!

Наврӯз-ҷашни баробарӣ ва адолат!

-

Беш аз 10 сол мешавад, ки Наврӯз ба як ҷашни байналмилалӣ табдил шуда, ҷаҳон аз он бошукӯҳ таҷлил мекунад. Ёдовар мешавем, ки 23 феврали соли 2010 Ассамблеяи Генералӣ 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф кард ва аллакай Наврӯз ба Рӯйхати намояндагии мероси ғайримоддии фарҳангии башарӣ ворид шудааст.

Расму ойин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой дода, шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, тавсеаи фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад.

Яъне сабаби дар паҳноҳои пурвусъати ҷуғрофӣ паҳн гардидани Наврӯз дар он аст, ки асли Наврӯз ба сифати ҷашни табиатан ва моҳиятан оммавию мардумӣ аз андешаи баробарӣ дар байни инсонҳо иборат мебошад.

Ба феҳрести ҷаҳонии осори фарҳангӣ дохил шудани Наврӯзи хуҷастапай воқеаи муҳимме дар ҳаёти фарҳанги башарӣ буда, ба ҷуз Тоҷикистон, Озарбойҷон,  Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон,  Албания, Косово, Афғонистон ва Эрон дар чандин кишвари дигар аз Наврӯз таҷлил мегардад

Ҳоло дар Хитойи Ғарбӣ (Урумчй, Кошғар ва Ёрканд), Покистони Шимол, (Ганза ва Гилгит), байни форсҳои Ҳинд, курдҳои Ироқу Сурия, дар Гурҷистон, Занзибар (дар Африка) Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Ҳайати эҷодии сомонаи «ҶОМ» аз фурсати муносиб истифода намуда, хонандаи азизро ба ин ҷашни байналмилалӣ таҳният мегӯяд!

Наврӯз муборак!

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад