МУВАФФАҚИЯТРоҳандозии аввалин таксиҳои беронанда дар Маскав

Роҳандозии аввалин таксиҳои беронанда дар Маскав

-

Ба Яндекс иҷоза дода шуд, ки аввалин таксиҳои бидуни ронандаро дар Маскав роҳандозӣ намояд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Русия хабар додааст.

Ба иттилои ин вазорат, қарори ҳукумат «Дар бораи муқаррар намудани низоми таҷрибавӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи инноватсияҳои рақамӣ ва тасдиқи барномаи таҷрибавӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи инноватсияҳои рақамӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёти  худкор» қабул карда шуд.»

Пас аз 20 рӯз, аз рӯзи нашри қарор, Яндекс метавонад кори мошинҳои беронандаро дар ду шакл оғоз кунад: бо ронандаи озмоишӣ дар салон (дар курсии мусофир,  паҳлӯи курсии ронанда) ва бидуни ронандаи санҷишӣ дар кабина, бо қобилияти пайваст кардани оператор барои идораи фосилавӣ дар ҳолати зарурӣ.

Тибқи реҷаи таҷрибавӣ, мошинҳои беронанда дар кӯчаҳои Маскав, дар шаҳри Иннополиси Тотористон ва дар қаламрави федералии Сириус метавонанд бо ронандаи озмоишӣ дар кабина ва бидуни ҳузури ӯ идора карда шаванд. 

Таҷриба имкон медиҳад, ки мошинҳои бесарнишин ҳамчун такси дар Маскав истифода шаванд. Нахустин минтақа барои роҳандозии таксиҳои бесарнишин минтақаи Ясенево — байни истгоҳҳои метрои Ясенево, Новоясеневская ва Боғи Битсевский буд. Тариқи замимаи Yandex Go имкони занг задан ба таксии бидуни ронанда вуҷуд дошта, Яндекс ваъда кардааст, ки арзиши сафар аз арзиши таксиҳои муқаррарӣ фарқ намекунад.

Акс аз сомонаи ixbt.com

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад