МУВАФФАҚИЯТРақобати бонувони то 18-солаи 4 кишвар

Рақобати бонувони то 18-солаи 4 кишвар

-

Шурӯъ аз фардо, аз 11 то 15 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби бонувони то 18-сола баргузор мешавад.

Ба иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, дар чемпионат мунтахабҳои ҷавонзанони Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Тими мунтахаби бонувони ҷавони Тоҷикистонро (U-18) ба ин мусобиқа сармураббӣ Изатулло Исҳоқов омода мекунад.
Ҳамагӣ дар доираи чемпионати CAFA-2022 шаш бозӣ анҷом шуда, кулли бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд.
Тибқи низомнома Чемпионати CAFA-2022 миёни бонувони ҷавони то 18-сола дар асоси низоми даврӣ  як давр доир мегардад. Дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Чемпионати CAFA-2022 миёни бонувони ҷавон (U-18)
Иштирокчиён: Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Қирғизистон.
Тақвими бозиҳо:

1-ум давр
11 март (ҷумъа)
14:00 – Узбекистон – Эрон
17:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

2-юм давр
13 март (якшанбе)
14:00 – Қирғизистон – Узбекистон
17:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

3-юм давр
15 март (сешанбе)
14:00 – Эрон – Қирғизистон
17:00 – ТОҶИКИСТОН – Узбекистон

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
Хабари пешин
Хабари баъди

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад