МУВАФФАҚИЯТМуваффақияти 15 донишомӯзи тоҷикистонӣ дар Ҳюстони Амрико

Муваффақияти 15 донишомӯзи тоҷикистонӣ дар Ҳюстони Амрико

-

15 хонандаи мактаб аз Тоҷикистон миёни 2000 иштирокчиии Олимпиадаи байналмилалии фаннӣ – COPERNICUS дар Хюстони ИМА сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад, ки олимпиада рӯзҳои 8-16-и январи соли ҷорӣ дар Осорхонаи фановарии шаҳри Хюстони Штати Техас аз фанҳои физика ва астрономия доир гардид, ки дар он аз 50 кишвар ширкат кардаанд. 
«9 хонандаи Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла, Маъруф Исомиддинов — хонандаи синфи 8 ва Томирис Миралибекова — хонандаи синфи 5 соҳиби ҷойи 2, Бенёмин Зуҳурзода — хонандаи синфи 6, Салман Саминов — хонандаи синфи 5, Юсуф Салимзода — хонандаи синфи 5, Абдуҷамил Холиқов — хонандаи синфи 5, Умар Ҳафизов — хонандаи синфи 8, Бибиоиша Қодирова — хонандаи синфи 7 ва Мирзоқобил Бадиев — хонандаи синфи 8 соҳиби ҷойи 3 мебошанд. 
Ҳамзамон, 6 нафар хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи мазкур иштирок намуда, як медали нуқра, панҷ медали биринҷӣ ва Ҷоми даставиро аз фанни физика ба даст оварданд, ки инҳо Фаррухи Шералӣ – хонандаи синфи 8, ҷойи дуюм аз фанни табиатшиносӣ, Амир Абдуллозода – хонандаи синфи 9, ҷойи сеюм аз фанни физика, Меҳрангез Абдуллоева – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Ардашерхоҷа Ботурхоҷаев – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Шараф Муқумов – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатшиносӣ ва Акрамхоҷа Мамуров – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатштносӣ мебошанд.»- омадааст дар хабари сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад