НАВИДАнҷумани  дӯстии ҷавонони Чину Осиёи Марказӣ

Анҷумани  дӯстии ҷавонони Чину Осиёи Марказӣ

-

Хабаргузории Синхуа аз баргузории Анҷумани  дӯстии ҷавонон дар Пекин бахшида ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад. Ба иттилои ин расона, чорабиниро Федератсияи умумичиноии ҷавонон ташкил кардааст.

Дар ин ҳамоиш ҳудуди 100намояндаи созмонҳои ҷавонон, соҳибкорони ҷавон ва донишҷӯён аз кишварҳои зикршуда дар форматҳои онлайн ва офлайн ширкат варзиданд.

Муовини раиси Федератсияи умумичиноии ҷавонон Фу Чжэнбан зимни суханронии худ қайд кардааст, ки тӯли 30 соли охир ҷавонони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳамдигар омӯхта, даст ба дасти ҳамдигар гузошта, дар осоиштагии минтақа саҳм гузоштаанд. Вай аз ҷавонони Чин ва Осиёи Марказӣ даъват кардааст, ки масъулиятро тақсим ва рисолати худро иҷро намуда, барои идомаи дӯстӣ, ҳамкорӣ, суботи минтақаӣ ояндаи дурахшон барои шукуфоии муштарак саҳим бошанд.  

Соли ҳафтум аст, ки Иттифоқи умумичиноии ҷавонон чунин чорабиниҳоро доир намуда, ин муддат ҳудуди 1000ҷавонро аз Осиёи Марказӣ даъват кардааст, ки барои ширкат дар мубодилаи афкор ба Чин оянд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад