МУВАФФАҚИЯТЧаро Шерзод маҳсули эҷодашро аз коғаз ба девор кӯчонида...

Чаро Шерзод маҳсули эҷодашро аз коғаз ба девор кӯчонида наметавонад?

-

Шерзод Бойматов. Аксҳо дар матн аз бойгонии қаҳрамон

Граффити зебоӣ бахшидан аст, вале ҳоло дар кишвари мо қонунгузорӣ дар кӯчаҳо кашидани онро манъ кардааст. Бинобар ин, қаҳрамони мо маҳсули эҷодашро танҳо рӯйи коғаз оварда метавонаду бас.

Граффити як навъи санъати рассомӣ маҳсуб ёфта, акнун ба кишвари мо низ расидааст. Бархе аз ҳаваскорон мехоҳанд дар ин ришта худро имтиҳон кунанд. Қаҳрамони мо аз ин теъдод аст ва нақшаҳои ҷолибе дорад.

Граффити расм нест, балки ҳарф ҳаст. Шикастани ҳарфҳо ва ба таври ғайриодӣ навиштани онҳо буда, ба гуфти қаҳрамони мо граффитиро ҳама дарк намекунанд. Ин намуди санъат бештар барои нафароне ошност, ки алоқаманди граффити ҳастанд.

Шерзод Бойматов, донишҷӯи соли сеюми Консерваторияи миллии Тоҷикистон буда, се сол аст, ки  граффити мекашад. Ӯ мегӯяд, айёми мактабхонӣ ба рассомӣ шавқи зиёд дошт ва зиёдтар мехост граффити кашад. Агарчи дарк намекард, ки ин чӣ гуна санъат аст ва ҳатто номашро дуруст намедонист. Бо гузашти солҳо ба интернет дастрасӣ пайдо кард ва ба омӯхтани ин риштаи санъати тасвирӣ пардохт.

Граффитиро Шерзод аз интернет омӯхтааст ва ҳамчунин ба ӯ рафиқони русаш тариқи интернет ёрӣ мерасонанд. Шерзод ба ин фикр аст, ки ҳоло фазои маҷозӣ метавонад устод дар ҳама соҳот бошад.

Графитиро, ки санъати кӯчагӣ ном мебаранд, ҳамсуҳбати мо ба он хотир интихобу омӯхтааст, ки дар кишвари мо мутахассис надорад. Аниқтараш, пештар будаанд, вале ҳоло фаъолият намекунанд. Ҳоло Шерзод бо тахаллуси “SHERA  ONE” граффити мекашад.

Айни замон граффати барои Шерзод фоидаи моддӣ намеорад, балки хароҷот маҳсуб мешавад. Зеро, ӯ тамоми лавозимотро харидорӣ мекунад то граффти эҷод ва аз ин кораш ҳаловат барад.

Манбаи даромади Шерзод расмкашӣ дар девори муассисаҳои гуногун аст. Яъне, фармоиш қабул намуда, супоришро иҷро карда, ҳаққи хидматашро мегирад.

Ӯ аллакай як шогирд дошта, ройгон омӯзиш медиҳад. Мехоҳад теъдоди шогирдонашро афзун намуда, ин намуди санъати графитиро дар кишвар рушд диҳад.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...
spot_imgspot_img

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад