МУВАФФАҚИЯТҲакималӣ ба ҷойи олоти муосири сангтарошӣ аз баргалка, болғаю...

Ҳакималӣ ба ҷойи олоти муосири сангтарошӣ аз баргалка, болғаю искана истифода мекунад

-

Ҳакималӣ Камолов ягона сангтарош дар вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, ӯ олоти муосири сангтарошӣ надорад ва бо асбобе кор мекунад, ки ҳама хонаводаҳо онро доранд. Ҳакималӣ дар кораш ҳамагӣ 3 асбоб-болғаю искана ва баргалка истифода мекунад.

Агарчи сангтароширо бо худомӯзӣ аз худ кард, вале ҳоло маҳсули дасташ ба хориҷи кишвар расидааст. Офаридаҳояш аз сангҳои оддӣ ҳастанд, вале зоҳиран зебо буда, барои гирифтани ширинӣ ва меваю донагӣ истифода мешавад.

Соҷида Камолова ҳамсари Ҳакималӣ Камолов ба шавҳараш кумак мерасонад. Соҷида  тахайюлоташро рӯйи коғаз  ва сипас рӯйи санг оварда, кори баъдиро ба шавҳараш вогузор мекунад.

Ҳакималӣ Камолов бо ҳамсараш Соҷида Камолова

Онҳо соҳиби 4 фарзанд-3 духтар ва 1 писар буда, феълан писараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Сангтарошӣ низ як манбаи даромади хонавода маҳсуб мешавад.

Ҳакималӣ Камолов мегӯяд, офаридаҳояшро мардум ҳамчун армуғон харидорӣ мекунанд. Баъзе аз зарфҳои сохтааш аллакай дастурхони сокинони деҳаро оро медиҳад.

“Мо имкони сохтани як дуконро надорем, рӯзҳои офтобӣ дар ҳавлӣ корамро пеш мебарам. Талабот ба ин касб зиёд аст. Агар шароити корӣ фароҳам орам, алоқамандонро низ метавонам ба омӯзиш фаро гирам.”,- мегӯяд Ҳ. Камолов.

Ҳакималӣ Камолов ҷоизаву сипоснома ва офаридаҳояшро ба маъраз гузоштааст

Ҳакималӣ сангҳои зиёдеро дар ҳавлии хеш захира кардааст. Ҳар санге шаклан барои сохтани ашё ё зарфе мувофиқ аст, ҷамъоварӣ ва коркард мешавад.

Ҳоло ин хонавода мехоҳад расонаӣ шавад то сарпарасет барои сохтани дуконба онҳо дасти ёрӣ дароз намояд.

 Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад