МУВАФФАҚИЯТЧӣ гуна як ҷавони 19-сола гули бунафшро селексия намуд?...

Чӣ гуна як ҷавони 19-сола гули бунафшро селексия намуд? (Видео)

-

Сафаралӣ Шамсиеви 19-сола зиёда аз 600 навъи гули бунафш дорад ва 13 навъи ин гулро тариқи селексия рушду нумӯъ бахшидааст.   Қаҳрамони мо нақл мекунад, ки ӯ аз хурдӣ ба гул таваҷҷӯҳи зиёд дошт. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ҳар гоҳе аз бозори гул гузар мекард, чашмашро аз гул намеканд.

“Ҳамаи гулфурӯшон аз таваҷҷӯҳи ман ба гул огоҳ буданд. Рӯзе яке аз гуфурӯшони бозор ба ман як гули хурдакак тӯҳфа кард. Ман бо хушнудӣ онро парвариш карда, ба бозор бурда фурӯхтам.«

Ҳадяи як гулфурӯш Сафаралиро бар парвариши гул моил кард. Он вақт Сафаралӣ 13 сол дошт. Бо фурӯхтани ягона гули парваридааш боз гулҳои дигар харида, парвариш кард. Ҳар гулеро, ки дар бозор мефурӯхт, ба ҷояш гули дигар мехарид. Рӯзе чашмаш ба як гули зебо- бунафш афтод. Минбаъд Сафаралӣ аз ин гул харидорӣ ва парвариш мекард.

Айни ҳол дар хонаи Сафаралӣ 600 гули бунафш мавҷуд аст. Сафаралӣ инчунин 13 навъи бунафшро аз тариқи гардолудкунӣ селексия кардааст.  Ба гуфти худи ӯ, мақсад аз селексия рӯёнидани гулҳои бунафши тоҷикӣ буд:

«Ман хостам, гулеро рӯёнам,  ки тоҷикӣ бошад ва номи Тоҷикистонро ба дигар кишварҳо барад. То ҳол ба гулҳои селексиякардаам ном нагузоштаам ва мақсад дорам, ки ба онҳо номҳои тоҷикӣ гузорам, номҳое,  ки муаррифгари фарҳанг, расму оин ё ягон минтақаи таърихии Тоҷикистон бошанд.»

Сафаралӣ Шамсиев дар гулхонаи хеш

Ҳарчанд ӯ мағозаи гулфурӯшӣ надорад, вале гулҳои натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ба мисли Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина ва Белорус харидорони худро дорад.

Сафаралӣ Шамсиев дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, таҳсил менамояд ва мақсад дорад, ки мағозаи гулфурӯшӣ боз намояд.

Ҷовидон РАҲМОНАЛИЕВ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад