МУВАФФАҚИЯТСарошпази Hyatt: дар шумо хӯроки №1 гӯшт аст!

Сарошпази Hyatt: дар шумо хӯроки №1 гӯшт аст!

-

Александр дар ошхонаи Hyatt Regency Dushanbe

Довуд Акобиров ҳастам, хабарнигори jom. Имрӯз мо дар тарабхонаи Foccacia Grill дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” қарор дорем. Мо бо сарошпази ин тарабхона ҷаноби Александр Реилу (Alexander Reilly) дар бораи чанд наъи хурокҳои солинавӣ суҳбат мекунам, ки ӯ кадоме аз онҳоро омода мекунад ва ба Шумо тавсия медиҳад.

-Мехоҳем худатонро ба тамошобини мо шинос кунед, аз куҷо омадед ва чӣ гуна дар ин ҷо корро шурӯъ кардед?

-Номи ман Александр аст. Ман моҳи чаҳорум аст, ки дар Тоҷикистон ҳастам ва дар Hyatt кор мекунам. Ман зиёд сафар кардаам ва дар беш аз 10 кишвари дунё кор кардам. Аслан, аз Скодланди Британияи Кабир мебошам.

-Дар 10 кишвар кор кардед ва тафовут дар миёни ин давлатҳо чи аст?

Ман дар Малайзия, Индонезия, Ветнам, Чин ва кишварҳои дигар кор кардам. Чун ба фарҳанг тавваҷуҳ дорам, тафовути давлатҳоро низ дар фарҳангашон дидам.

-Аслан кадом навъи хурокҳоро омода мекунед?

Ман анвои зиёди хурокҳоро омода мекунам. Зеро, дар чандин гушаи дунё кор кардаам. Бештар хурокҳои ғарбӣ, осиёӣ ва Шарқи миёнаро омода мекунам.

-Одатан дар соли нав чӣ омода мекунед?

-Яке аз хурокҳое, ки дар Соли нав ман омода мекунам “Beef Wellington” (Веллингтони говӣ) буда, аммо арзишаш каме гарон аст. Пораи гӯштро дар ширинии пуфакӣ (puff pastry) печонида дар тафдон мегузорем. Ба он инчунин замбуруғ ва дигар маҳсулот низ илова мекунам. Шаклан ба пирог монанд аст, аммо аз гӯшт омода мешавад.

-Дар маҷмӯъ қиматаш чӣ қадар мешавад?

Қиматаш? Намедонам! Ман онро худам омода мекунам.

-Дар меҳмонхона омода намекунед?

-Аслан не, дар ин ҷо омода намекунам. Ин хурок хосси фарҳанги мост.

-Дар ин тарабхона барои Соли нав чӣ омода мекунед?

-Дар ин тарабхона мо як таъомномаи хурдакаки хурокҳои солинавӣ дорем. Дар он  хурокҳое чун шурбо (суп) ва шириниҳои sticky toffee pudding шомил мешаванд

— Омода кардани кадоме аз ин хурокҳо осонтар аст?

-Омода кардани баъзе аз онҳо мушкил аст. Чунки бояд тарзи таёр кардани пастаро донед. Барои ин каме бояд таҷриба дошт. Аммо омода кардани sticky toffee pudding осонтар аст. Инчунин омода кардани шурбои пампкин (pumpkin soup) душвор нест. Барои омода кардани он кадуи тару тоза, пиёз, сирпиёз ва сабазавоти тару тоза истифода мебарем.

-Дар  ин ҷо ягон навъи хурокҳои тоҷикиро омода мекунед?

Хурокҳои тоҷикӣ омода мекунем, аммо начандон зиёд. Баъзан ош, бештар  самбуса ва сихкабоб.

-Шумо чӣ гуна таёр кардани ошро омухтед?

Ман худам ош омода намекунам. Дар ин ҷо якчанд ёрдамчии тоҷик дорам ва онҳо ош омода мекунанд.

-Хурокҳои миллии Шумо бо хурокҳои тоҷикӣ  чӣ умумияте доранд?

-Ман аз ҳамкоронам мепурсам ва онҳо мегуянд, ки хуроки рақами 1 дар ин ҷо гӯшт аст. Аммо дар мо бештар каротошкаро истифода мебаранд. Фарҳангҳо гуногунанд. Масалан, дар Малайзия ва Индонезия бештар биринҷ истифода мебаранд. Дар кишвари шумо ош хуроки миллӣ аст. Дар Британияи Кабир низ мо биринҷро истифода мебарем ба мисли мардуми Индонезияву Малайзия. Аммо дар Британияи Кабир боре ҳам оши палавро надидаам.

Агарчи ош таоми олӣ аст. Ман оши бо гӯшти мурғ мехурам ва хеле лаззат мебарам. Ба ошхонаҳо рафта ош мехӯрам, ки ин афсонавист.

Мусоҳиб Довуд Акобиров

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад