НАВИДТаърихи Соли нав

Таърихи Соли нав

-

Соли нав — яке аз қадимтарин идҳост, ки инсоният ҷашн мегирад. Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри Қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он “Ибтидои соли нав” сабт шуда буд. Дар Мисри Қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд (тақрибан охирҳои моҳи сентябр). Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро, танҳо он биёбонҳоро шодоб мегардонид. Дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон, занаш ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил шино мекарданд. Дар тамоми ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ мекарданд. Сипас ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд.

Римиёни қадим ҳанӯз то милод ба ҳамдигар туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият мехостанд. Муддати дарозе римиён соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме ки Юлий Сезар тақвими наверо ҷорӣ намуд. Ҳамин тавр, рӯзи қайдгирии Соли нав рӯзи якум моҳи январ гардид. Номи моҳ ба шарафи худо Янус (дурӯя) гузошта шуда буд. Як рӯи ӯ ба соли гузашта ва рӯи дагараш ба пеш ба соли нав буд. Иди Соли навро «календа» мегуфтанд. Одамон дар ин муддат хонаҳояшонро оро медоданд ва ба ҳамдигар туҳфаҳо мекарданд; ғуломону хӯҷаинҳояшон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Римиёни сарватманд ба император туҳфаҳо мекарданд. Аввалҳо ин кори ихтиёрӣ буд, вале баъдтар императорҳо дар Соли нав худашон туҳфа даъво мекарданд.

Императори Рим Калигула рӯзи якуми Соли нав ба майдони назди қасраш мебаромад ва аз раияташ дӯҳфаҳо мегирифт. Ӯ дар дафтаре қайд мекард, ки кӣ чандто ва чӣ дод…

Дар Бобулистони Қадим Соли навро баҳорон ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашн шоҳ чор – шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки шоҳ набуд, мардум метавонистанд ба чӣ коре хоҳанд машғул шаванд. Баъд аз чанд рӯз шоҳу дарбориёнаш дар тан либосҳои идона бар мегаштанд ва халқ низ ба кори худаш бармегашт. Ҳамин тавр, ҳар сол одамон ҳаётро аз нав сар мекарданд.

Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Англия) Соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтанд. Дар Соли нав келтҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз хона дур кунанд. Онҳо ақидае доштанд, ки гӯё дар Соли нав арвоҳи мурдагон аз нав зинда мешуда бошад. Келтҳо аз римиён бисёр урфу одатҳоро қабул карда буданд. Шоҳони онҳо низ аз раияташон туҳфаҳо меситониданд. Одатан тиллову ҷавоҳирот туҳфа мекарданд. Пас аз чандин асрҳо малика Елизавета I як маҷмӯаи калони дастпӯшакҳои ҷавоҳиротдорро ҷамъ оварда буд.

Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна дар ибтидои моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Қарори парлумон оид ба тағйири рӯзи таҷлил (1 январи соли 1752) ба занҳо хуш наомад. Намояндагони занон ба назди сухангӯи парлумон омада иброз доштаанд, ки парлумон ҳуқуқ надорад занҳоро ин қадар зиёд рӯз калонтар кунад.

Дар замони қадим Соли навро аксари вақт дар баҳор ҷашн мегирифтанд, зеро, дар ин давра табиат аз нав зинда ешуд. Дар Русия низ Соли навро 1 март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XIV калисои ҷомеи Маскав қароре содир кард, ки мувофиқи он Соли нав 1 сентябр (аз рӯи тақвими юнонӣ) ҷашн гирифта мешуд. Танҳо дар соли 1699 Пётр I баъд аз Аврупо баргаштан, бо фармони махсусаш солшумориро аз 1 январ оғоз кард ва ин рӯзро рӯзи ид хонд.

Манбаъ: Донишномаи озод

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
42
+1
29
+1
12
+1
8
+1
8
+1
5
+1
14

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Британия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ карданист

Нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер эълон кардааст, ки ҳукумат ният дорад истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола...

Meta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

Тадқиқоти нав нишон додааст, ки саҳифаҳои Facebook, ки беш аз даҳ маротиба  ташкилотҳои фактчекинг маълумоти бардурӯғро ошкор кардаанд, ҳатто...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад