Парлумони Австралия 25 ноябр қонун дар бораи амнияти интернетиро қабул кард, ки бар асоси он ширкатҳои бузурги технологӣ метавонанд барои риоя накардани талаботи бехатарии онлайн ба ҷаримаҳои чандмиллиарддолларӣ рӯ ба рӯ шаванд. Дар ин бораи euronews.com хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ҳукумати Австралия, Қонун дар бораи уҳдадории рақамӣ ширкатҳои бузурги технологиро вазифадор мекунад, ки пеш аз рух додани ҳодисаҳои зараровар хатарҳои эҳтимолиро муайян ва барои пешгирӣ аз онҳо чора андешанд.
Сарвазири Австралия Энтони Албанезе зимни суханронӣ дар парлумон гуфтааст, ки ин қонун «воситаи муассир барои ҳифзи кӯдакон ва ҷомеаи мо аз таҳдидҳои интернетӣ хоҳад буд ва масъулияти фароҳам овардани муҳити бехатари онлайнро ба дӯши платформаҳои технологӣ мегузорад».
Қонуни мазкур ба Қонун дар бораи хизматрасониҳои рақамии Иттиҳоди Аврупо ё DSA, ки соли 2022 қабул шудааст, инчунин Қонун дар бораи амнияти онлайн дар Британияи Кабир, ки соли 2023 тасвиб гардид, шабоҳат дорад.
Тибқи иттилои ҳукумати Австралия, қонуни нав меъёрҳои ҳадди ақали бехатариро барои хизматрасониҳои онлайнӣ, аз ҷумла бозиҳо, барномаҳо ва чат-ботҳои зеҳни сунъӣ муқаррар мекунад. Ин хизматрасониҳо вазифадор мешаванд, ки корбарони Австралияро аз муҳтавои зараровари ҷиддӣ ва рафторҳои хатарнок дар интернет ҳифз намоянд.



