ОЛАМИ МАҶОЗӢЧин роботи "нозири роҳ"-ро ҷалб мекунад

Чин роботи «нозири роҳ»-ро ҷалб мекунад

-

Ин робот ба «RoboCop»-и филми солҳои 80-уми монанд нест, на силоҳ дорад, на ҳуқуқи боздошт. Ба ҷойи қадамзанӣ рӯйи чарх ҳаракат мекунад.
 
Аммо дар як чорроҳаи серодами шаҳри Ҳанчжоуи шарқи Чин роботи қадаш 1,88 метр метавонад ронандаи дучархаи барқиро, ки кулоҳ надорад, муайян карда, ба ӯ боадабона огоҳӣ диҳад ва дастҳояшро ҳамоҳанг бо чароғҳои роҳ ҳаракат диҳад.
Роботи T2, ки 98 килограмм вазн дорад, аз ҷониби ширкати маҳаллии технологии SUPCON Information сохта шудааст. Он дар доираи як лоиҳаи озмоишӣ истифода мешавад, ки ҳадафаш вогузор кардани баъзе вазифаҳои такроршавандаи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба мошинҳо мебошад.
Робот бо истифода аз камераҳо, радар ва низоми компютерии дохилӣ метавонад ронандагони бе кулоҳ, дучархаҳои барқӣ, мошинҳои аз хатти муайяншудаи ист убуркарда ва пиёдагардонеро, ки чароғаки роҳро риоя намекунанд, муайян кунад.
 
Истифодаи чунин роботҳои роҳнамо бахше аз талошҳои васеътари саноати Чин барои ба корҳои амалӣ ҷалб кардани роботҳо мебошад, то онҳо танҳо барои намоишҳои технологӣ ё пешвозгирии муштариён истифода нашаванд.
 
Роботҳо инчунин метавонанд ба саволҳо дар бораи самти ҳаракат, таваққуфгоҳ ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷавоб диҳанд. Дар ҳолатҳои фавқулода низоми махсус корбарро ба кормандони маҳаллии полис пайваст мекунад.
Дастҳои ҳафтбуғуми робот ҳаракатҳои стандартии нозирони роҳро такрор карда, онҳоро бо чароғҳои роҳ ҳамоҳанг мекунанд.
 
SUPCON аз моҳи май дар Ҳанчжоу 15 чунин роботро ба кор андохтааст. Ширкат мегӯяд, ки онҳо беш аз 170 ҳазор огоҳӣ дода, ба коҳиши беш аз 40-фоизаи ҳолатҳои моҳонаи ронандагии дучархаҳои барқӣ бе кулоҳ ва убури мошинҳо аз хатти ист мусоидат кардаанд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад