Расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки эҳтимолан ҳакерҳо ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР (NCIC) ворид шуда, ба маълумоти он дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ин ниҳод ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
Трамп рӯзи 21 ноябр дар мусоҳиба бо шабакаи Fox News гуфт: «Мо тоза аз ин хабар ёфтем. Ва бояд бигӯям, ки ин кори хуб нест. Ба ман маъқул нест».
Аммо ӯ дар идома афзудаст, ки шояд онҳо чизҳоеро ошкор кунанд, ки дар акси ҳол ҳеҷ гоҳ аз онҳо огоҳ намешуда бошанд.
Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР (NCIC) як пойгоҳи компютерии маълумот дар соҳаи адолати судӣ буда, сабтҳои марбут ба таърихи ҷиноят, шахсони таҳти ҷустуҷӯ, гумшудагон, амволи дуздидашуда ва дигар маълумотро дар бар мегирад.
Хабарҳо дар бораи эҳтимоли ҳакерӣ дар ҳоле нашр шуданд, ки дар ИМА як силсила халалдоршавии низомҳои рақамӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин мушкилот ба соҳаҳои нақлиёт, алоқа, низоми бонкӣ ва ҳамчунин низоми дохилии Агентии амнияти миллӣ таъсир расонидаанд.
Дар пайи афзоиши мушкилоти сайберамният, Шон Кернкросс, директори миллии амнияти сайберии ИМА аз вазифааш барканор шудааст. Трамп 20 ноябр ба хабарнигорон гуфтааст, ки ӯ ин шахсро барои мансаби мазкур ба қадри кофӣ муносиб намедонист.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!