Маҳдудиятҳои ҷорӣ барои ҷалби муҳоҷирон ба кор дар соҳаҳои таксӣ ва расонидани фармоишҳо дар Санкт-Петербург натиҷаи мусбат додаанд. Аммо таъсири густариши чунин маҳдудиятҳо ба соҳаҳои дигар ҳанӯз бояд арзёбӣ шавад. Дар ин бора раиси Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург Александр Белский изҳор доштааст.
Ба гуфтаи раиси Маҷлиси қонунгузорӣ, сарфи назар аз нигарониҳои қаблан изҳоршуда, соҳибкорон тавонистанд ба шароити нави кор мутобиқ шаванд ва сифати хизматрасонӣ ба сокинони Санкт-Петербург осеб надидааст.
«Ҷойҳои кории холишударо аллакай сокинони минтақаҳои дигари Русия ишғол мекунанд. Барои донишҷӯён имкониятҳои иловагии даромад ба даст овардан фароҳам шудаанд. Умедворем, ки қисми бештари маблағҳои бадастомада дар Санкт-Петербург боқӣ мемонад», — гуфтааст Белский.
Тавре нашрияи «Российская газета» хабар додааст, аз соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, ки шумораи соҳаҳое, ки дар онҳо ба шаҳрвандони кишварҳои берун аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё кор кардан манъ мешавад, зиёд карда шавад.
Қарор аст ба ин рӯйхат савдои чаканаи маҳсулоти ғизоӣ, соҳаи ороиш ё зебоӣ, фаъолияти тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонӣ, экспертизаи судӣ-тиббӣ ва дигар соҳаҳо дохил карда шаванд.
Раиси Маҷлиси қонунгузорӣ бар ин назар аст, ки чораҳои пешниҳодшуда идомаи сиёсати пайгирона буда, ҳадаф аз онҳо нигоҳ доштани сатҳи баланди шуғл дар Санкт-Петербург, дастрасии ҷойҳои корӣ ва таъмини пардохти пурраи андоз аз даромадҳои бадастомада дар ин соҳаҳо ба буҷети шаҳр мебошад.
«То ҳол таҷриба натиҷаҳои мусбат нишон медиҳад. Аммо, бешубҳа, агар маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда шаванд, таъсири онҳо ба иқтисодиёти шаҳр бояд ҳамаҷониба арзёбӣ гардад», — изҳор доштааст Александр Белский.



