Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои ҷаласаву ҳамоишҳо дар саросари ҷаҳон равона шудааст. Дар изҳороти ширкат гуфта мешавад, ки ин ҳамлаҳо аз ҷониби гурӯҳи Storm-2945, ки Microsoft онро зербахши гурӯҳи ҳакерии Midnight Blizzard медонад, анҷом дода шудаанд.
Ба гуфтаи Microsoft, далели иртиботи Storm-2945 бо Midnight Blizzard шабоҳати усулҳои техникӣ, шеваҳои фишинг ва доираи ҳадафҳои интихобшуда мебошад. Тибқи изҳорот, ҳар ду гурӯҳ кӯшиш мекунанд маълумоти корбарони Microsoft 365-ро ба даст оранд ва барои муҳандисии иҷтимоӣ (social engineering) аз барномаҳои паёмрасон истифода мебаранд.
Гурӯҳи Midnight Blizzard, ба гуфтаи Microsoft, дар Русия фаъолият мекунад. Ба иддаои Microsoft, ҳадафҳои асосии онҳо мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва ширкатҳои хизматрасони IT дар ИМА ва Аврупо мебошанд.
Ширкат мегӯяд, гурӯҳи Storm-2945 ҳадди ақал аз моҳи феврали соли 2026 фаъолият дорад ва аз аввали моҳи май ба шабакаҳои Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо ва марказҳои конфронсӣ дахолат мекунад.
Microsoft инчунин иддао кардааст, ки ҳакерҳо ҳангоми омодасозӣ ва анҷом додани ҳамлаҳо аз зеҳни сунъӣ (AI) фаъолона истифода бурдаанд.
Microsoft бори аввал дар аввали соли 2024 низ аз ҳамлаҳои гурӯҳи Midnight Blizzard ба шабакаҳои худ хабар дода буд ва он ҳамлаҳоро ҳамчун амалиёти дорои пуштибонии давлатӣ арзёбӣ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Русия қаблан борҳо ҳар гуна даст доштан дар ҳамлаҳои киберӣ ва фаъолияти ҳакериро рад кардааст.



