Без рубрикиСи Ҷинпин: Рушди зеҳни сунъӣ бояд натиҷаи ҳамкории ҷаҳонӣ...

Си Ҷинпин: Рушди зеҳни сунъӣ бояд натиҷаи ҳамкории ҷаҳонӣ бошад, на сиёсати як кишвар

-

Дар пасманзари идомаи маҳдудиятҳои Иёлоти Муттаҳида барои дастрасии Чин ба технологияҳои пешрафта, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни як ҳамоиши бузурги байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ кишварҳои рӯ ба рушд таъки кард, ки рушд ва танзими зеҳни сунъӣ бояд дар асоси ҳамкории байналмилалӣ амалӣ шавад, на таҳти султаи як давлат.
Си Ҷинпин аз он чизе, ки онро «густариши аз ҳад зиёди мафҳуми амнияти миллӣ» номид, ҳушдор дода, ба маҳдудиятҳое ишора кард, ки аз ҷониби ИМА ҷорӣ шуда, дастрасии Чинро ба қисми муҳими микросхемаҳо ва технологияҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ маҳдуд кардааст.
Дар кори конфронс раҳбарони Қазоқистон, Камбоҷа ва Таиланд, инчунин Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш иштирок карданд.
Си Ҷинпин эълон намуд, ки Чин дар панҷ соли оянда барои кишварҳои рӯ ба рушд 5 ҳазор ҷойи омӯзишӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ фароҳам меорад. Ҳамчунин, ба 30 давлат дастрасӣ ба низоми ҳавошиносии дар Чин таҳияшуда, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ кор карда, имкони огоҳсозии барвақтиро дорад, пешниҳод хоҳад кард.
Як рӯз пеш аз ин, 29 кишвар, аз ҷумла Русия, Покистон ва Қазоқистон, бо Чин созишномаеро оид ба таъсиси Созмони ҷаҳонии ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ бо қароргоҳаш дар Шанхай ба имзо расониданд.
Дар намоишгоҳи ҳамоиш ширкати технологии Huawei низ низоми ҳисоббарории Atlas 950 SuperPoD-ро барои зеҳни сунъӣ муаррифӣ кард.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки Пекин барои густариши нуфузи худ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, бахусус дар кишварҳои рӯ ба рушд, талоши ҷиддӣ дорад. Дар ҳамин ҳол, моделҳои кушодаасоси чинии зеҳни сунъӣ, аз ҷумла DeepSeek, дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳамчун алтернативаи дастрас ба маҳсулоти амрикоӣ мавқеи худро тақвият медиҳанд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби наврасон яке аз мавзӯҳои асосии сиёсати ИА

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ аз ҷониби наврасон ба яке аз мавзӯъҳои асосии сиёсати Иттиҳоди Аврупо табдил ёфтааст....

Zeekr 9X худрави бидуни ронандаро пешниҳод кард

Zeekr 9X нахустин мошине гардид, ки дохили он ба стандарти миллии Чин барои ронандагии худкор дар сатҳи L3 мутобиқ...

Мутахассисони соҳаи ҳифзи кӯдак барои татбиқи усулҳои нави омӯзиш омода мешаванд

Дар шаҳри Душанбе аз 21 то 24 июли соли 2026 омӯзиши омӯзгорон (Training of Trainers – ToT) дар мавзуи...

Дар Италия аввалин маркази мубориза бо вобастагӣ аз технологияҳои рақамӣ таъсис дода мешавад

Дар шаҳри Флоренсияи Италия нахустин маркази махсусгардонидашуда барои пешгирӣ ва мубориза бо вобастагӣ аз технологияҳои рақамӣ ва истифодаи бошууронаи...
spot_imgspot_img

Чаро ҷавонон бештар бо ChatGPT дар бораи мушкилоти шахсӣ суҳбат мекунанд?

Суҳбат бо ChatGPT дар бораи ҷудоӣ аз дӯстдошта, изтироб, мушкилоти муносибатҳо ё дарёфти маслиҳат пеш аз қабули қарорҳои муҳим...

Мавқеи вазири молия дар бораи «гив»-у «конкурс»-ҳои бурднок

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар мегӯяд, на ҳамаи онҳое, ки "конкурс"-ҳои бурднок мегузаронанд, дар Тоҷикистон қарор доранд. Мавсуф мегӯяд,...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад