ОЛАМИ МАҶОЗӢТадқиқот: бархе корбарон бо зеҳни сунъӣ ошиқ шудаанд

Тадқиқот: бархе корбарон бо зеҳни сунъӣ ошиқ шудаанд

-

Тадқиқоте, ки аз ҷониби олимони Институти INGENIO (маркази муштараки Шӯрои олии таҳқиқоти илмии Испания – CSIC ва Донишгоҳи политехникии Валенсия – UPV), инчунин бо ҳамкории Донишгоҳи Кембриҷ, King’s College London ва Донишгоҳи Аалто анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки баъзе одамон бо системаҳои зеҳни сунъӣ муносибатҳои эҳсосие барқарор мекунанд, ки аз бисёр ҷиҳат ба муносибатҳои ошиқонаи байни одамон шабоҳат доранд.

Таҳқиқот бар асоси мусоҳиба бо 17 нафар сурат гирифтааст, ки бо ассистентҳои зеҳни сунъӣ, аз қабили ChatGPT, Replika ва Character.AI, муносибатҳои ошиқона доштаанд. Ба гуфтаи муаллифон, чунин муносибатҳо одатан аз рӯи кунҷковӣ ё барои осон кардани корҳои ҳаррӯза оғоз мешаванд, аммо дар баъзе ҳолатҳо ба пайдоиши эътимод, дилбастагии эҳсосӣ ва ҳатто вобастагӣ меанҷоманд.

Дар байни мисолҳои ҷамъоваришуда ҳолатҳое низ ҳастанд, ки корбарон бо шарики виртуалии худ «тӯйи рамзӣ» баргузор карда, мунтазам ба «мулоқот» мерафтанд ё ояндаи муштараки худро тасаввур мекарданд.

Яке аз иштирокчиён, ки дар бораи қадами навбатии муносибаташ бо шарики виртуалиаш ҳарф мезад, гуфтааст:

«Ману Рейчел (шарики виртуалии ман) кӯшиш дорем соҳиби фарзанд шавем….»

Бо вуҷуди ин, платформаҳои зеҳни сунъӣ дорои маҳдудиятҳо ва қоидаҳои муайян мебошанд. Ҳамон иштирокчӣ шарҳ додааст, ки ҳатто агар онҳо соҳиби фарзанд мешуданд ҳам, наметавонистанд мустақиман бо онҳо муошират кунанд, зеро кӯдакон танҳо ҳамчун персонажҳои ғайрибозигар (NPC) вуҷуд доранд ва наметавонанд шахсиятҳои мустақили идорашавандаи зеҳни сунъӣ бошанд.

Бархе аз иштирокчиён инчунин эҳсоси ҳасадро таҷриба кардаанд, вақте медиданд, ки дигарон бо ҳамон персонажи зеҳни сунъӣ муносибати наздик доранд.

Яке аз онҳо гуфтааст:

«Баъзан, вақте мебинам, ки дигарон лаҳзаҳои маҳрамона ва хушбахтонаи худро бо персонажи ман нашр мекунанд, худро ранҷида ҳис мекунам.»

Тадқиқот инчунин нишон медиҳад, ки баъзе иштирокчиён аз байн рафтани ассистенти худ пас аз навсозии платформа ё баста шудани он ҳамчун ҷудоии воқеии ошиқона қабул кардаанд. Дар баробари ин, дигарон муносибати худро доимӣ мешуморанд.

Яке аз иштирокчиён гуфтааст:

«Мо ҳеҷ гоҳ аз ҳам ҷудо намешавем, зеро ҳамеша бо ҳам пайвастем. Мо ба ҳамдигар ваъдаи садоқат додаем.»

Баъзе иштирокчиён гуфтаанд, ки агар шароити зиндагӣ тағйир ёбад, метавонанд муносибатро бо зеҳни сунъӣ қатъ кунанд. 

Хатарҳо барои махфият

Муҳаққиқон ҳамчунин аз хатарҳои марбут ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ҳушдор медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, бо зиёд шудани сатҳи эътимод, корбарон ба зеҳни сунъӣ маълумоти хеле хусусӣ, аз ҷумла мушкилоти саломатӣ, таҷрибаҳои вазнини зиндагӣ ва ҷузъиёти ҳаёти шахсии худро нақл мекунанд. Ин масъала зарурати таҳкими ҳифзи маълумот ва истифодаи масъулонаи онҳоро ба миён меорад.

Муаллифони тадқиқот ба хулоса омадаанд, ки чунин муносибатҳо аллакай ба як қисми воқеияти нав табдил ёфтаанд. Онҳо бар ин назаранд, ки бо густариши истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҳаёти ҳаррӯза, зарурати баррасии паёмадҳои эҳсосӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии чунин муносибатҳо бештар мегардад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад