МУВАФФАҚИЯТЁде аз Акашариф Ҷӯраев

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

-

Аз «Дараи Камароб», «Ҷон додаракам», “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду таронаҳои ӯ то ҳол вирди забони мардум ҳастанд ва аз ҷониби сарояндагони зиёди кишвар ва хориҷӣ бозхонӣ мешаванд.
Сароянда ва ромишгари машҳури тоҷик АКашариф Ҷӯраев яксаду сисола шуд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ баргузор гардид.
Нуздаҳуми июн дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Акашариф Ҷӯра ва масоили мубрами эҷодиёти шеърӣ-мусиқии тоҷик: дирӯз ва имрӯз» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент, муовини аввали вазири фарҳанг, олимону муҳаққиқон, мусиқишиносон ва аҳли фарҳанг аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронии худ таъкид кард, ки омӯзиш ва муаррифии мероси мусиқии миллӣ барои ҳифзи ҳувияти фарҳангии миллат аҳамияти бузург дорад.
Бахши хоси ҳамоиш ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Акашариф Ҷӯра бахшида шуда буд. Иштирокчиён нақши ӯро ҳамчун устоди мусиқии мардумӣ, тарғибгари мероси мусиқии тоҷик арзёбӣ намуданд.
Дар конфронс олимону муҳаққиқон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Фаронса ва дигар коршиносон маърӯзаҳои илмӣ ироа карданд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
7
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад