
Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба онҳо танҳо интернет кумак кардааст. Баъд аз якуним соли ҷустуҷӯ ва озмоиш тавонистанд, ки ҳавопаймои сохтаи худро аз таҳхона ба осмони боз раҳо кунанд.
Ҳасан ва Ҳусейн Шермирзоевҳо имсол хатмкунандагони синфи 11-и мактаби №12-и шаҳри Бохтар ҳастанд. Идеяи сохтани чунин ҳавопаймо ба таври ногаҳонӣ ба сарашон омадааст.
Ин ду бародар давоми якуним сол таҳхонаи намноку танги хонаашонро ба як коргоҳи хурди муҳандисӣ табдил дода буданд. Дар он ҷо пораҳои сим, муҳаррикҳо, нақшаҳои дастӣ, ширеш ва қисмҳои шикастаи ҳавопаймо ҳамеша нигоҳ дошта мешуданд.
«Гоҳо то соати 12-1 шаб нақша мекашидем, баҳс мекардем ва роҳи ҳалли мушкилотро меҷустем. Субҳ дарс мерафтем, баъд аз дарс боз ба корамон идома медодем. Бо вуҷуди хастагии зиёд дар ниҳоят ба орзуямон расидем.»-нақл кард Ҳасан.
Ба гуфтаи Ҳасан, ҳама кор дар оғоз душвориҳои зиёд дошт. Дар тӯли якуним сол онҳо чандин ҳавопаймо сохтанд, аммо қариб ҳар озмоиш бо нокомӣ анҷом меёфт. Бархе ин ҳавопаймоҳо ҳангоми парвоз мешикастанд, баъзеи дигар умуман аз замин баланд намешуданд. Пас аз санҷишҳои зиёд ҳавопайморо аз маводи сабук бо андозаи 1 метру 90 сантиметр омода карданд. Барои мустаҳкамтар шудани он бо найчаҳои чӯбин онро тақвият доданд.
«Борҳо падару модарам таъкид карданд, ки аз коратон даст кашед, маълум аст, ки бенатиҷа мемонад. Вале мо ба талошҳои худ бовар доштем, ки рӯзе мерасад ҳавопаймои сохтаамон ба осмон парвоз кунад. Билохира муҳаррикҳо, симҳои барқӣ, пропеллерҳо, редуктор ва дигар таҷҳизоти заруриро аз Чин барои мод астра карданд. Беш аз 2000 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шуд. Мо аз волидайн ва бародаронамон барои дастгирии ҳамаҷонибаашон сипосгузорем.»,- гуфт Ҳасан.
Ин бародарон мегӯянд, ҳавопаймо дар осмон 1 дақиқаю 42 сония парвоз кард, агарчи ин вақти камест, аммо барои Ҳасан ва Ҳусейн ин лаҳза арзиши як пирузии бузургро дошт. Онҳо мегӯянд дар ҳолати дастгирӣ ёфтанд, метавонанд дар оянда ҳавопаймои бидуни сарнишини қавӣ ва борбардор бисозанд. Ҳоло ҳавопаймои сохтаи онҳо дар мактаб нигоҳдорӣ мешавад.
Амонҷон Муҳиддинов




