МУВАФФАҚИЯТАфв нисбат ба ҳудуди 19 ҳазор тадбиқ мегардад

Афв нисбат ба ҳудуди 19 ҳазор тадбиқ мегардад

-

Баъд аз онки Парлумон қонун «Дар бораи авф»-ро дирӯз, 16 июн баррасӣ ва қабул кард, фавран ин қонун аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд.
Қонун мақомоти дахлдорро вазифадор менамояд, ки иҷрои онро дар давоми ду моҳ таъмин карда, ба Президенти Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Ин қонун нисбат ба 18038 маҳкумшуда татбиқ гардида, 11305 нафар аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда раҳо карда мешаванд. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 нафар кам мегардад.
Аз 507 зан, ки адои ҷазо менамоянд 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад.
Аз 134 ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.
Қонун «Дар бораи авф» инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи Қонун “Дар бораи афв” ба муносибати 35-солагиии Истиқлоли давлатӣ нимарӯзи 16 июн аз ҷониби вакилон баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуда буд.
Тибқи моддаи 59 Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ лоиҳаи қонун дар бораи авфи умумӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад.
Дар таҷриба аз тарафи Маҷлиси Олӣ чандин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авфи умумӣ қабул шудааст.
Тоҷикистон дар даврони истиқлолият чандин маротиба «Қонуни авф»-ро қабул кардааст. Қонунҳои ахири авф дар солҳои 2011, 2014, 2019 ва 2021 қабул гардида, доираи васеи маҳбусонро фаро гирифтанд.
Авфи саросарӣ ва охирини густурда дар кишвар санаи 7 сентябри соли 2021 ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расид. Қонуни мазкур тақрибан 11 ҳазору 500 нафарро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод намуд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Jom Tojikiston (@jomtojikiston)

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад