ҲАЁТИ СОЛИМҚонун “Дар бораи афв” қабул шуд

Қонун “Дар бораи афв” қабул шуд

-

Қонун “Дар бораи афв” ба муносибати 35-солагиии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ шуд.
Масъалаи рӯзномаро дар ҷаласаи Парлумон Прокурори генералӣ Воҳидзода Ҳабибулло ва вакилон шарҳу тавзеҳ додаанд.
Тибқи моддаи 59 Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ лоиҳаи қонун дар бораи авфи умумӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад.
Дар таҷриба аз тарафи Маҷлиси Олӣ чандин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авфи умумӣ қабул шудааст.
Тоҷикистон дар даврони истиқлолият чандин маротиба «Қонуни авф»-ро қабул кардааст. Қонунҳои ахири авф дар солҳои 2011, 2014, 2019 ва 2021 қабул гардида, доираи васеи маҳбусонро фаро гирифтанд.
Авфи саросарӣ ва охирини густурда дар кишвар санаи 7 сентябри соли 2021 ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расид. Қонуни мазкур тақрибан 11 ҳазору 500 нафарро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод намуд.

Акс аз манбаъҳои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад