ҲАЁТИ СОЛИМFIFA манъи парчами пеш аз инқилобии Эронро дар Ҷоми...

FIFA манъи парчами пеш аз инқилобии Эронро дар Ҷоми ҷаҳон бетағйир монд

-

Қарори FIFA дар бораи манъи истифодаи парчами пеш аз инқилобии Эрон дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол пас аз баррасии фаврии парванда дар шаҳри Лос Анҷелес рӯзи душанбе бетағйир боқӣ монд.

Ин парчам аз рӯи шакл ба парчами расмии Эрон монанд аст, аммо дар маркази он рамзи шер ва хуршед ҷойгир буда, ба давраи ҳукмронии шоҳи Эрон то инқилоби соли 1979 иртибот дорад.

Даъво ба суд рӯзи панҷшанбе аз ҷониби Институти «Садои Озодӣ» ва Сам Керманиан, як мухлиси тими миллии Эрон, ки қасди тамошои бозии мунтахабро дошт, пешниҳод шуда буд. Онҳо талаб мекарданд, ки иҷозаи ворид намудани ин парчам ба варзишгоҳ дода шавад.

Аммо додрас Кертис А. Кин ҳангоми баррасии парванда чанд соат пеш аз оғози бозии Эрон ва Зеландияи Нав дар варзишгоҳи «Соу-Фай Стэдиум» (SoFi Stadium) қарор кард, ки манъ бояд қувваи худро гум накунад.

Ба гуфтаи додрас, озодии баён арзиши муҳим аст, аммо дар моликияти хусусӣ ва чорабиниҳои хусусӣ метавонад маҳдудиятҳои қонунӣ дошта бошад. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки тағйир додани қоидаҳои амниятии варзишгоҳ барои як чорабинии бузург дар муддати кӯтоҳ мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунад.

Намояндаи ФИФА Крис Бёнинг низ ахиран такрор кард, ки қоидаҳои мазкур аз қабл маълум буданд ва даъвогарон моҳҳо пеш аз бозӣ имкони огоҳ шудан аз онҳоро доштанд.

FIFA қаблан низ таъкид карда буд, ки ворид намудани ҳама гуна ашё, аз ҷумла парчамҳо, баннерҳо ва либосҳое, ки хусусияти сиёсӣ, таҳқиркунанда ё табъизомез доранд, ба варзишгоҳҳо манъ аст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад