Дастаи доварон аз Тоҷикистон таҳти раҳбарии довари 31-солаи ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Эрон ва Никарагуаро доварӣ кард.
Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Акмал Бӯриеви 36-сола ва Фарҳод Қуралови 29-сола кумак карданд.
Ин дидор дар варзишгоҳи “Озодии Теҳрон” баргузор шуда, бо пирӯзии тими Эрон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт.
Акс аз fft.tj