-
Ба иттилои манобеи нашрияҳо, ба OpenAI аз ҷониби прокурори генералии иёлати New York амрномаи судӣ супурда шудааст. Тибқи он, ширкат вазифадор аст ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намояд, ки тарзи фаъолияти платформа ва таъсири он ба корбаронро тавсиф мекунанд.
Аз ҷумла, сухан дар бораи маводи таблиғотӣ, усулҳои ҷалб ва нигоҳдории аудитория, инчунин механизмҳои коркарди маълумоти шахсӣ меравад. Ҳамчунин дархост маълумотро дар бораи ҳамкории платформа бо ноболиғон ва шахсони солманд дар бар мегирад.
Намояндагони Ширкати OpenAI изҳор доштаанд, ки ният доранд бо идораҳои прокурорҳои генералӣ ба таври созанда ҳамкорӣ намоянд.
Аввали моҳи июн мақомоти Флорида аввалин шуда дар байни иёлатҳои Амрико алайҳи роҳбари OpenAI Sam Altman даъво пешниҳод карданд. Онҳо ширкатро ба расонидани зарар ба ноболиғон ва қасдан гумроҳ кардани ҷомеа дар бораи сатҳи бехатарии платформа муттаҳам намуданд.



