ОЛАМИ МАҶОЗӢГурӯҳи прокурорҳои генералии чанд иёлати ИМА нисбат ба OpenAI...

Гурӯҳи прокурорҳои генералии чанд иёлати ИМА нисбат ба OpenAI таҳқиқот оғоз карданд

-

Эътилофи прокурорҳои генералии як қатор иёлатҳои Иёлоти Муттаҳида нисбат ба OpenAI таҳқиқот оғоз кардааст. Дар ин бора хабаргузории Reuters ва рӯзномаи The Wall Street Journal бо истинод ба манобеи худ хабар додаанд.

Ба иттилои манобеи нашрияҳо, ба OpenAI аз ҷониби прокурори генералии иёлати New York амрномаи судӣ супурда шудааст. Тибқи он, ширкат вазифадор аст ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намояд, ки тарзи фаъолияти платформа ва таъсири он ба корбаронро тавсиф мекунанд.

Аз ҷумла, сухан дар бораи маводи таблиғотӣ, усулҳои ҷалб ва нигоҳдории аудитория, инчунин механизмҳои коркарди маълумоти шахсӣ меравад. Ҳамчунин дархост маълумотро дар бораи ҳамкории платформа бо ноболиғон ва шахсони солманд дар бар мегирад.

Намояндагони Ширкати OpenAI изҳор доштаанд, ки ният доранд бо идораҳои прокурорҳои генералӣ ба таври созанда ҳамкорӣ намоянд.

Аввали моҳи июн мақомоти Флорида аввалин шуда дар байни иёлатҳои Амрико алайҳи роҳбари OpenAI Sam Altman даъво пешниҳод карданд. Онҳо ширкатро ба расонидани зарар ба ноболиғон ва қасдан гумроҳ кардани ҷомеа дар бораи сатҳи бехатарии платформа муттаҳам намуданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад