ҲАЁТИ СОЛИММактаб — умеди зиндаи кӯдакони лулӣ

Мактаб — умеди зиндаи кӯдакони лулӣ

-

Cаҳни мактаби ибтидоии №122-и деҳаи Абдуллообод. Сурайё Исмоилзода бо шогирдонаш

Деҳаи Абдуллообод дар ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, аз маркази пойтахт беш аз сӣ километр фосила дорад. Аҳолии Абдуллообод асосан лулитаборанд ва тибқи омори охир теъдоди онҳо ба 1198 нафар мерасад, аз ҷумла, 610 мард ва 588 зан.

Ин деҳа ҳамагӣ як мактаби ибтидоӣ дорад ва теъдоди хонандагонаш ҳудуди сад нафаранд.

Сурайё Исмоилзода соле сеюм аст, ки дар мактаби ибтидоии №122-и деҳаи Абдуллообод фаъолият менамояд. Мавсуф нақл кард, ки  вақте ба ин мактаб ба ҳайси муаллимаи синфи 1 ба кор омад, дар ин мактаб 37 нафар таҳсил мекарданд ва аксари онҳо бо либосҳои хонагӣ вориди мактаб мешуданд.  

“Дар се рӯзи аввали кориам 5 талабаи синфи якро медидам. Барои ҷалби кӯдакони дигари синни мактабӣ шитофтам ва тавонистам 11 нафари дигарро ҷалб намоям.”,- ба ёд овард Сурайё  Исмоилзода.

Баъд аз таъини Сурайё Исмоилзода ба вазифаи сарвари мактаб дар соли 2024, вазъ боз беҳтар шуд. Хонаи муаллимон ба синф табдил дода шуд, аз дигар мактабҳо мизу курсӣ оварданд ва 40 хонандаи дигар ба таълим ҷалб гардид. Ин танҳо як рақам нест, ин 40 кӯдакеанд, ки шонси худро барои зиндагии дигар пайдо карданд. Дар маҷмӯъ, дар як сол 56 хонанда ба мактаб фаро гирифта шуданд ва соли таҳсили 2025–2026 низ 25 кӯдаки дигар ба ин сафи умед ҳамроҳ шуданд.

Хонандагон дар синфхона

Аммо бо сабаби норасоии синфхонаҳо Сурайё натавонист 40 хонандаро ба мактаб ҷалб намояд.

Хонум Сурайё мегӯяд, аввали соли хониш (2025) раиси ҷамоати Карим Исмоил барои кӯдакони мактаб 10 адад либоси бачагона ва 10 адад либоси духтаронаи мактабӣ туҳфа кард.

“Ман мехоҳам хонандагон ҳадди ақал то синфи 9 дар ин мактаб таҳсил кунанд. Баъд аз синфи 9 мо метавонем онҳоро ба коллеҷҳои тиббӣ, ҳарбӣ ва коллеҷҳои омӯзгорӣ ҷалб намоем.

Пас аз онки синфи чорумро дар ин мактаб хатм мекунанд, мо ҳуҷҷатҳои хонандагонро ба мактаби ҳамсоядеҳа-мактаби №60 месупорем. Мутаассифона, ҳатто 8%-и  онҳо ба он мактаб намераванд, дар кӯчаҳо боз ба беҳудагардӣ машғул шуда, аз таҳсил дур мегарданд.”,-нигаронӣ кард Сурайё Исмоилзода.

Дар акс Сурайё Исмоилзода

Сарвиноз Бекимзозода, дар синфи чорум таҳсил мекунад, орзу дорад дар оянда омӯзгор шавад. Ӯ мехоҳад, дониш ва таҷрибаи худро барои тарбияи насли наврас, бахусус, кӯдакони ақаллияти лӯлиӣ сарф намояд. Ба андешаи ӯ, таҳсил калиди муваффақият аст ва ҳар як кӯдак бояд имкони хондану навиштан ва аз худ кардани касбу ҳунарро дошта бошад.

«Ман мехоҳам муаллима шавам, то ба кӯдакон дониш омӯзонам ва онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят кунам. Орзу дорам, ки фарзандони ақаллияти лӯлиён босавод, соҳиби касбу кор ва муваффақ гарданд. Мехоҳам онҳо дар ҷомеа ҷойгоҳи худро пайдо кунанд ва барои ояндаи беҳтар талош намоянд.», – мегӯяд Сарвиноз.

Амирҳамза Эшмирзозода хонандаи синфи сеюми ин мактаб аст. Аз ҳоло ба соҳаи ҳуқуқ таваҷҷуҳ дорад. Ӯ орзу дорад, ки баъди хатми мактаб таҳсилашро дар ин самт идома дода, ҳуқуқшиноси соҳибкасб шавад. Амирҳамза мехоҳад ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандонро ҳимоя кунад ва барои барқарор шудани адолат саҳм гузорад.

Солеҳ Элмирзозода низ хонандаи синфи сеюм буда, ояндаи худро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайванд додан мехоҳад. Ӯ орзу дорад корманди милитсия шавад.

Роҳбарияти мактаби ибтидоии №122 мехоҳанд, ки Раиси шаҳри Ваҳдат қитъаи заминеро барои бунёди мактаб ҷудо намояд ва шахсони хайрхоҳ барои бунёди мактаб ҳиссагузорӣ кунанд то  фарогирии лулиён ба мактаб бештар шавад.

“Мехоҳем мактабе дошта бошем, ки дорои майдони варзишӣ бошад. Ҳама дарсҳое, ки дар ҷадвали дарсӣ ҳаст -дарси меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ, техника ва техналогияро ба хонандагон омӯзонем.Муаллимони ҳама фанҳоро тавонем ҷалб кунем, то дониши мукаммалро хонандагони мактаб гиранд”,-изҳори умедворӣ мекунад сарвари мактаби ибтидоии  №122.

Дар баробари талошҳои омӯзгорон ва ҷомеаи маҳаллӣ, бархе аз созмонҳо низ кушиш мекунанд ба ин мактаб кумаки хешро расонанд. ТҶ «Маърифати шаҳрвандӣ» дар доираи яке аз лоиҳаҳои худ ба хонандагон сумкаҳои мактабӣ, ашёи хониш, дафтару қаламу, китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти зарурии таълимӣ тақдим кард. Ин дастгирӣ барои беҳтар гардидани шароити таҳсили хонандагони мактаб буд то бо рӯҳияи баланд ва имконоти беҳтар ба омӯзиш машғул шаванд.

Маърифат Шокирова, роҳбари ТҶ «Маърифати шаҳрвандӣ» ба хонандагон китобу қаламу дафтар ва дигар аёши хонишро тақсим мекунад

Лӯлиён дар ноҳияҳои Восеъ, Вахш, Ҷалолидини Балхӣ,Ҷайҳун, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳисор, Ваҳдату Варзоб, Рӯдакӣ, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунанд.
Дар Ҳисоботи даврии дувоздаҳ ва сенздаҳуми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷрои Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна табъизи нажодӣ” зикр мешавад, ки аксари кӯдакони лӯлӣ ба раванди таълим ҷалб шудаанд ва бештари онҳо то синфи нуҳ таҳсил мекунанд.
Мутаассифона, як қисм аз лулиён то ҳол талбандагӣ мекунанд. Агарчи шумори зиёди онҳо бо меҳнат ризқи хешро пайдо менамоянд, Дар сохтмонҳо, соҳаи кишоварзӣ машғули коранд ё ба ҷамъоварии оҳанпора ва фурӯши он даромад ба даст меоранд.

Маълумоти бештар филми ҳуҷҷатии мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
5
+1
4
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...

Британия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ карданист

Нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер эълон кардааст, ки ҳукумат ният дорад истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола...

Meta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

Тадқиқоти нав нишон додааст, ки саҳифаҳои Facebook, ки беш аз даҳ маротиба  ташкилотҳои фактчекинг маълумоти бардурӯғро ошкор кардаанд, ҳатто...

Афв нисбат ба ҳудуди 19 ҳазор тадбиқ мегардад

Баъд аз онки Парлумон қонун «Дар бораи авф»-ро дирӯз, 16 июн баррасӣ ва қабул кард, фавран ин қонун аз...
spot_imgspot_img

Ҷангалбонҳо не, ҷангалбурҳо зиёд шудаанд…

Ё чаро табиат рӯз то рӯз ҳомии худро аз даст медиҳад? Дарахтон бесадо меафтанд. Ҷангалҳо ҳар сол махсусан дар ҷануби...

Қонун “Дар бораи афв” қабул шуд

Қонун “Дар бораи афв” ба муносибати 35-солагиии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ шуд. Масъалаи рӯзномаро дар ҷаласаи Парлумон Прокурори...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад