БИЗНЕС-КЛУБПентагон Alibaba, BYD-ро ба феҳристи ширкатҳои низомии Чин шомил...

Пентагон Alibaba, BYD-ро ба феҳристи ширкатҳои низомии Чин шомил кард ва онҳоро аз дастрасӣ ба қарордодҳои мудофиавии ИМА маҳрум кард

-

Пентагон ширкатҳои бузурги чинӣ, аз ҷумла Alibaba, BYD ва Baidu-ро ба феҳристи ширкатҳои низомии Чин шомил кард ва онҳоро аз дастрасӣ ба қарордодҳои мудофиавии ИМА маҳрум намуд. Ин иқдом ҳамчун густариши ҷиддии рӯйхат арзёбӣ мешавад, ки акнун на танҳо бахши дифоъ, балки бахши шаҳрвандии технологияҳои Чинро низ фаро мегирад.

Рӯйхати навшуда, ки рӯзи душанбе нашр гардид, ҳоло 188 сохтори чиниро дар бар мегирад, дар ҳоле ки як сол пеш шумораи онҳо 134 адад буд.

Ба ин рӯйхат акнун ширкатҳои бузурги хусусие ҳам дохил шудаанд, ки қаблан бо бахшҳои мудофиа ё амният иртибот надоштанд. Ин тағйирот аз нигаронии рӯзафзуни Вашингтон нисбат ба сиёсати Пекин дар самти истифодаи ширкатҳои шаҳрвандӣ барои ҳадафҳои низомӣ шаҳодат медиҳад.

Ин рӯйхат соли 2021 бо дархости Конгресси ИМА таъсис ёфта, ширкатҳоеро дар бар мегирад, ки ба арзёбии Пентагон бо Қувваҳои мусаллаҳи Чин иртибот доранд. Ба ин гурӯҳ на танҳо ширкатҳои мустақиман тобеи сохторҳои низомӣ ва амниятӣ, балки онҳое низ дохил мешаванд, ки ба рушди пойгоҳи саноати мудофиавӣ саҳм мегузоранд.

Ҳангоми навсозии рӯйхат дар соли гузашта, Пентагон изҳор дошт, ки артиши Чин кӯшиш мекунад ба технологияҳои пешрафта ва дастовардҳое дастрасӣ пайдо кунад, ки аз ҷониби ширкатҳо, донишгоҳҳо ва барномаҳои таҳқиқотии чинӣ таҳия мешаванд ва дар зоҳир ҳамчун сохторҳои шаҳрвандӣ фаъолият мекунанд.

Пентагон зимни шарҳи ворид намудани Alibaba ба рӯйхат изҳор дошт, ки ин ширкати бузурги технологӣ тавассути робита бо Вазорати саноат ва технологияҳои иттилоотии Чин ба рушди саноати мудофиавии кишвар мусоидат мекунад. Саҳмияҳои Alibaba дар Биржаи Ню-Йорк ба муомила бароварда шудаанд.

Ба гуфтаи Пентагон, ширкатҳои BYD ва Baidu низ бо ҳамин вазорат, ки сиёсати технологӣ ва саноатии Чинро ҳамоҳанг мекунад, робита доранд.

Аммо Alibaba ва Baidu ин иттиҳомҳоро қатъиян рад карданд. Дар изҳороти Alibaba омадааст,к и «Alibaba ширкати низомии Чин нест ва дар ягон барномаи ҳамгироии низомӣ ва шаҳрвандӣ иштирок намекунад.»

Baidu, ки дар самти зеҳни сунъӣ ва таксиҳои бидуни ронанда фаъолият мекунад, низ изҳор дошт, ки иддаоҳо дар бораи мақоми низомии ширкат «комилан беасосанд».

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад