МУВАФФАҚИЯТДМТ стипендияи Абӯалӣ ибни Синоро таъсис медиҳад

ДМТ стипендияи Абӯалӣ ибни Синоро таъсис медиҳад

-

Акс аз саҳифаи фейсбукии ДМТ

Дар ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қарор қабул шудааст, ки дар ин донишгоҳ Стипендияи Абӯалӣ ибни Сино таъсис дода шавад. Стипендия барои дастгирии донишҷӯёни соҳибистеъдод, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, тарғиби мероси илмӣ ва фарҳангии Абӯалӣ ибни Сино ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи тарҳи низомнома, довталабони стипендия бояд на танҳо бо натиҷаҳои аълои таҳсил, балки бо донишу пажӯҳишҳои худ вобаста ба осори Абӯалӣ ибни Сино низ фарқ кунанд. Донишҷӯёни хориҷие, ки дар ДМТ таҳсил мекунанд, низ метавонанд барои дарёфти ин стипендия рақобат намоянд.

Ректори донишгоҳ профессор Эмомалӣ Насриддинзода, таъкид кардааст, ки таъсиси ин ҷоиза барои муаррифии мероси гаронбаҳои Абӯалӣ ибни Сино ва таҳкими ҷойгоҳи илмии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хос дорад. 

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як фармон «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб»-ро таъсис дод.
Ин ҷоиза бо мақсади эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб, минбаъд тақдим хоҳад гардид.
Фонди Ҷоизаи байналмилалии мазкур ташкил шуда, Ҳукумати кишвар низомномаҳои ҷоиза ва фондро бояд таҳия ва тасдиқ намояд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад