ҲАЁТИ СОЛИМТанзимгарони ИА: даҳумин кӯдаки то 13-сола аз Facebook ё...

Танзимгарони ИА: даҳумин кӯдаки то 13-сола аз Facebook ё Instagram истифода мекунад

-

Танзимгарони Иттиҳоди Аврупо мушаххас кардаанд, ки ҳар даҳумин кӯдаки то 13-сола аз Facebook ё Instagram истифода мекунад.
Хулосаи пешакии Комиссияи Аврупо нисбат ба Meta чунин аст, ки ин ширкат натавонистааст истифодаи Instagram ва Facebook-ро аз ҷониби кӯдакони то 13-сола пешгирӣ кунад.
Ба гуфтаи комиссия, натиҷаҳои таҳқиқ нишон медиҳанд, ки системаҳои ин ширкати амрикоӣ қонуни хадамоти рақамиро вайрон мекунанд.
Тибқи қоидаҳои худи Meta, синни ҳадди ақал барои истифодаи ҳар ду платформа 13 сол аст. Аммо, ба гуфтаи комиссия, чораҳои назорати син амалан самаранок нестанд, кӯдакон ҳангоми сабти ном метавонанд дилхоҳ соли таваллудро нишон диҳанд ва ягон механизми санҷиши дурустии он вуҷуд надорад.
Ба арзёбии комиссия, тақрибан 10–12 дарсади кӯдакони то 13-сола аз Instagram ва Facebook истифода мебаранд, ки ба ҳисобҳои худи Meta мухолиф аст.
Дар изҳороте, ки ба Euronews ирсол шудааст, Meta гуфтааст, ки бо ин хулосаҳои пешакӣ розӣ набудааст.
Ин дарҳолест, ки як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо имкони манъи пурраи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 15-сола баррасӣ мекунанд. Аммо усулҳои санҷиши син то ҳол масъалаи баҳсбарангез боқӣ мемонанд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад