БИЗНЕС-КЛУБҶасади хоҳари фавтидаашро аз қабр барун карда ба бонк...

Ҷасади хоҳари фавтидаашро аз қабр барун карда ба бонк овард

-

Як мард аз иёлати Одишаи Ҳиндустон пайкара ё склети хоҳари фавтидаашро аз қабр бароварда, ба бонк бурд то марги ӯро собит карда, маблағро аз ҳисоби бонкияш гирад.
Мард Ҷиту Мунда иддао кардааст, ки кормандони бонк пайваста аз ӯ талаб мекарданд, ки соҳиби ҳисобро биёрад, гарчанде ӯ онҳоро аз марги хоҳараш огоҳ карда буд.
Ҳодиса дар филиали Маллипоси Бонки маҳаллии Одиша дар минтақаи Патана рух додааст. Ҷиту Мундаи 50-сола аз ҳисоби хоҳари марҳумаш 20 ҳазор рупияро бояд мегирифт.
Хоҳарбузургаш Калра Мундаи 56-сола 26 январи соли 2026 вафот кардааст. Ҷиту баъди чандин маротиба муроҷиат ба бонк, ноумед шуда, ба иқдоми шадид даст задааст.

Ӯ гуфтааст, ман чандин бор ба бонк рафтам ва кормандон ба ман гуфтанд, ки соҳиби ҳисобро биёрам. Гарчанде ман гуфтам, ки ӯ фавтидааст, онҳо гӯш накарданд… бинобар ин, ман қабрро кофта, скелетро ҳамчун далел овардам.

Пулиси Патана гуфтааст, Ҷиту бесавод буда, кормандони бонк натавонистанд тартиби гирифтани пул аз ҳисоби шахси фавтидаро ба ӯ фаҳмонанд ва маҳз ҳамин ҳолат боиси чунин нофаҳмии ҷиддӣ шудааст.
Пулис баъди огоҳӣ ба бонк омада, фавран дахолат кардааст.
Мақомот ба Ҷиту итминон доданд, ки ба ӯ дар анҷоми расмиёти гирифтани пул аз ҳисоби шахси фавтида бо роҳҳои қонунӣ кумак мекунанд.

Ин ҳодиса баҳси васеъро дар бораи саводнокии молиявӣ дар  Ҳиндустон ва тарзи муоширати муассисаҳо бо гурӯҳҳои осебпазир ба миён овардааст.

Гарчанде бонкҳо барои гирифтани маблағ аз ҳисоби шахси фавтида расмиёти қатъӣ доранд, аз ҷумла тасдиқи вориси қонунӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ, набудани шарҳи равшан метавонад мардумро овора намояд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад