МУВАФФАҚИЯТФоруми ҷашнии 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет...

Форуми ҷашнии 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет — CAIGF 2026 дар Душанбе

-

28 апрели соли 2026, бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Internet Governance Forum (IGF) ва шарикони байналмилалии рушд, дар шаҳри Душанбе Форуми ҷашнии 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет — CAIGF 2026 таҳти унвони «Роҳи абрешими рақамӣ: аз ҷудоӣ ба ҳамгироии рақамӣ» доир гардид, ки дар кори он намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ICANN, RIPE NCC ва World Bank, инчунин коршиносони сатҳи баланд иштирок намуданд.
Дар форум масъалаҳои коҳиши нобаробарии рақамӣ, таъмини пайвастагии устувор дар минтақаҳои дурдаст, танзими ҷараёнҳои фаромарзии маълумот ва ҳифзи маълумоти шахсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин иштирокчиён ба масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар рушди устувор ва таҳкими амнияти киберӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки баргузории чунин форуми сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ ба рушди фазои рақамӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад. Дар ин замина Тоҷикистон дар доираи сиёсати давлатӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва таъмини дастрасии фарогир ба интернет тадбирҳои муассир меандешад.
«Имрӯз масъалаи дастрасӣ ба интернет танҳо имконияти техникӣ нест, балки омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини баробарии имконият ва тақвияти ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Мо талош дорем, ки фазои рақамии мамлакатро ба муҳити бехатар, устувор ва дастрас барои ҳар шаҳрванд табдил диҳем», – баён намуд Исфандиёри Саъдулло.
Гуфта шуд, ки Форуми CAIGF давоми даҳ соли фаъолият ба платформаи асосии муколамаи бисёрҷониба байни давлатҳо, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ табдил ёфтааст.
Имсол интихоби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон бозгӯи нақши рӯзафзуни давлат дар ташаккули фазои ягонаи рақамии минтақа мебошад.
Таъкид шуд, ки натиҷаҳои форум метавонанд ба таҳияи сиёсати муассири рақамӣ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори рақамӣ мусоидат намоянд.
Натиҷаҳои форум ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди сиёсати рақамӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори иттилоотӣ мусоидат намуда,
иштирокчиёни он барои идомаи муколамаи созанда ва татбиқи ташаббусҳои муштараки рушди фазои рақамии фарогир ва бехатар дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ намуданд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад