ҲАЁТИ СОЛИМПарлумон: омӯзиш барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди...

Парлумон: омӯзиш барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди қонунгузорӣ

-

Вакилон ва мушовирону мутахассисони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ баҳри баланд бардоштани самаранокии раванди қонунгузорӣ аз як омӯзиши 3-рӯзаро гузаштанд.Машварати иттилоотӣ-омузишӣ рӯзҳои 2-5 апрели соли 2026 баргузор гардидааст.
Таҷрибаи муосири парлумонҳои кишварҳои пешрафтаи дунёро дар самти истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани самаранокии раванди қонунгузорӣ, автоматикунонии вазифаҳои муқаррарӣ, таҳлили ҳаҷми зиёди маълумот ва таъмини бехатарӣ дар ин равандҳоро баррасӣ гардидааст. «Таваҷҷуҳи махсус ба таъмини самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти парламент бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт равона карда шуд.»,-омадааст дар хабар.
Вакили Маҷлиси намояндагон Зафар Ализода ба иштирокчиён иттилоъ додааст, ки тибқи вазифаҳои “Консепсияи гузариш ба технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва тавсияҳои Иттиҳоди байнипарламентӣ вобаста ба гузариш ба технологияҳои рақамӣ дар парламентҳо, қадами навбатӣ барои амалӣ гаштани Консепсияи мазкур ин таъсиси сохторҳои ваколатдор, гузаронидани таҳлилу омузиш ва таҳияи Стратегияи якҷояи гузариш ба технологияҳои рақамӣ дар мақоми олии қонунгузорӣ мебошад.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад