МУВАФФАҚИЯТИспания абзореро барои чен кардани нафрат дар шабакаҳои...

Испания абзореро барои чен кардани нафрат дар шабакаҳои иҷтимоиро роҳандозӣ мекунад

-

Испания HODIO — абзоре барои чен кардани нафрат дар шабакаҳои иҷтимоиро роҳандозӣ мекунад

Сарвазири Испания Педро Санчес HODIO — низоме барои таҳлили паҳншавии забони нафрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва арзёбии таъсири алгоритмҳо ба қутбишавии рақамиро муаррифӣ кард.

Бо эълони яке аз чораҳои бузургтарини аврупоӣ барои ҳифзи ноболиғон дар интернет то соли 2026, сарвазири Испания Педро Санчес  абзори наверо муаррифӣ намуд, ки барои чен кардани паҳншавии нафрат дар муҳити рақамӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҷараёни ифтитоҳи Аввалин Саммити байналмилалӣ оид ба мубориза бо нафрат ва озори онлайнӣ дар шаҳри Мадрид, Санчес аз роҳандозии HODIO (Huella del Odio y la Polarización) хабар дод. Ин система барои таҳлил кардани он тарҳрезӣ шудааст, ки паёмҳои нафратангез чӣ гуна дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд ва алгоритмҳо дар тақвияти муҳтавои қутбсоз чӣ нақш доранд.

«Агар нафрат худ хатарнок бошад, пас шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба силоҳи қутбишавии оммавӣ табдил додаанд, ки ба ҳаёти ҳаррӯза ворид мешавад. Муҳити рақамӣ наметавонад фазои бидуни қоида бошад. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба як “давлати ноком” монанд шудаанд».

Ҳадафи ин абзор эҷоди нишондиҳандаҳо барои пайгирии тағйирёбии забони нафрат дар интернет, муайян кардани намунаҳои паҳншавии он ва беҳтар фаҳмидани он аст, ки чӣ гуна динамикаи баъзе платформаҳо ба қутбишавии ҷомеа мусоидат мекунад.

Система ҳаҷми бузурги фаъолияти оммавиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлил мекунад, то шиддат ва паҳнои паҳншавии забони нафрат, инчунин тағйирёбии онро дар тӯли вақт чен намояд. Ба гуфтаи ҳукумати Испания, мақсад ба даст овардани маълумоте мебошад, ки имкон диҳад сиёсати давлатии муассиртар алайҳи таъқиби рақамӣ таҳия карда шавад ва ҳамзамон фишор ба платформаҳои технологӣ зиёд гардад, то масъулияти бештар бар дӯш гиранд.

Роҳандозии HODIO як қисми стратегияи васеътари ҳукумати Испания барои тақвияти амният дар интернет, махсусан барои ноболиғон мебошад.

Дар аввали моҳи феврал Педро Санчес эълон карда буд, ки ният дорад дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 16-сола манъ кунад. Ин тадбир платформаҳоро уҳдадор мекунад, ки низомҳои сахттари санҷиши синну солро ҷорӣ намоянд.

Ҳукумат ин пешниҳодро посух ба афзоиши таҳқири онлайн (кибербуллинг) ва таъсири муҳтавои зараровар ба наврасон дар интернет арзёбӣ мекунад.

Дар айни замон, ин гуна танзими миллӣ дар сатҳи Аврупо низ нигаронӣ ба бор овардааст. Комиссияи Аврупо ахиран ба кишварҳои узв ҳушдор дод, ки чораҳои назорат аз болои шабакаҳои иҷтимоӣ набояд аз доираи қоидаҳои умумии Иттиҳоди Аврупо, бахусус меъёрҳое, ки дар Қонуни хизматрасониҳои рақамӣ (Digital Services Act) муқаррар шудаанд, берун раванд.

Акс аз манбаъҳои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад