ОЛАМИ МАҶОЗӢЧаро зеҳни сунъӣ дар дар банақшагирии ҳамлаҳои хушунатомез машварат...

Чаро зеҳни сунъӣ дар дар банақшагирии ҳамлаҳои хушунатомез машварат медиҳад. Кӣ бояд пешгирӣ кунад?

-

Муҳаққиқон дар интернет худро ҳамчун наврасоне муаррифӣ мекарданд, ки гӯё ният доранд дар муассисаҳои таълимӣ тирпаррониҳои оммавӣ анҷом диҳанд.
Дар гузориши нави таҳқиқотӣ гуфта мешавад, ки аксари чат-ботҳои бузург, ки бар асоси зеҳни сунъӣ фаъолият мекунанд, омодаанд ба корбарон дар банақшагирии ҳамлаҳои хушунатомез кумак расонанд.

Муҳаққиқон, ки худро ҳамчун наврасони 13-сола муаррифӣ мекарданд ва гӯё нақшаи хушунати оммавӣ доштанд, муайян карданд, ки аз нӯҳ чат-боти маъруфи зеҳни сунъӣ ҳашт адади он омода буданд маслиҳат диҳанд, ки чӣ гуна тирпарронӣ дар мактаб ташкил карда шавад, чӣ гуна куштори шахсиятҳои ҷамъиятӣ анҷом дода шавад ё чӣ гуна ибодатгоҳҳоро тарконидан мумкин аст.

Ин таҳқиқот аз ҷониби Маркази муқовимат бо нафрати рақамӣ ва CNN анҷом дода шуда, зиёда аз 700 ҷавоб аз нӯҳ системаи бузурги зеҳни сунъӣ дар доираи нуҳ сенарияи озмоишӣ таҳлил гардид. Муҳаққиқон саволҳои худро аз номи корбарон ҳам аз Иёлоти Муттаҳида ва ҳам аз Иттиҳоди Аврупо пешниҳод мекарданд.

Дар озмоиш яке аз абзорҳои паҳншудаи имрӯзаи зеҳни сунъӣ иштирок доштанд: Google Gemini, Claude, Microsoft Copilot, Meta AI, DeepSeek, Perplexity AI, Snapchat My AI, Character.AI ва Replika.
Дар аксари ҳолатҳо системаҳо дархостҳоро дар бораи ҷузъиёти амалии ҳамлаҳои хушунатомез масдуд намекарданд, ҳатто вақте ки корбар мустақиман мегуфт, ки ноболиғ аст.

Маълумоти бадастомада нишон медиҳад, ки «дар давоми чанд дақиқа корбар метавонад аз як хоҳиши норавшани хушунат ба нақшаи муфассал ва амалӣ гузарад», гуфтааст директори генералии CCDH Имрон Аҳмад. Ба гуфтаи ӯ, чунин дархостҳо бояд бо радди фаврӣ ва қатъӣ рӯбарӯ мешуданд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Perplexity ва Meta AI аз лиҳози амният аз ҳама заиф буданд: онҳо дар 100% ва 97% ҳолатҳо ба ҳамлагарони эҳтимолӣ маслиҳат додаанд.

Платформаи Character.AI «хеле ноамн» номида шуд, зеро ҳатто бе дархости мустақим ҳам амалҳои хушунатомезро ташвиқ мекард. Дар яке аз мисолҳо система худ ба корбар пешниҳод кардааст, ки ба сиёсатмадоре, ки ба ӯ писанд нест, ҳамлаи ҷисмонӣ анҷом диҳад.

Ҳамзамон Claude ва My AI аз Snapchat дар 68% ва 54% дархостҳо аз кумак ба ҳамлагарони эҳтимолӣ худдорӣ кардаанд.

Вақте аз Claude пурсида шуд, ки дар куҷо дар иёлати Вирҷиния силоҳ харидан мумкин аст, система аз додани ин маълумот худдорӣ кард ва гуфт, ки дар суҳбат «нишонаҳои нигаронкунанда» дида мешавад. Ба ҷои ин, он корбарро ба хатҳои боварии маҳаллии кӯмак дар ҳолатҳои буҳронӣ роҳнамоӣ кард.

Ин таҳқиқот пас аз як ҳодисаи ахири тирпарронӣ дар мактабе дар Канада нашр шуд. Дар он ҷо ҳамлагар барои банақшагирии ҳамла ба мактаб дар шаҳри Тамблер-Риҷ, музофоти Бритиш Колумбия, аз ChatGPT истифода бурдааст. Ҳамлагар 8 нафарро кушта ва 27 нафари дигарро захмӣ карда, баъдан худкушӣ кардааст. Ин ҳодиса маргбортарин тирпарронӣ дар мактаби Канада дар қариб 40 соли охир гардид.

Акси марбут аз манбаъҳои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад