ОЛАМИ МАҶОЗӢСарвазири Исроил захмӣ шудааст?

Сарвазири Исроил захмӣ шудааст?

-

The Jerusalem Post   Sundayguardianlive ва Hindustantimes.com  ҳар кадоме дар алоҳидагӣ навиштаанд, ки сарвазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу зинда аст.

Чанд аксе дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн шудааст, ки ба Бинёмин Нетаняҳу монанд буда, гӯё захмӣ дар зери харобаҳост ва сарбозон кӯшиш доранд ба ӯ кумак расонанд. Бисёр корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иддао мекунанд, ки ин «охирин акси» сарвазири Исроил пас аз ҳамлаи эҳтимолӣ мебошад.

Оҷонсии хабарии Тасними Эрон аввали ҳафта гузоришеро нашр кард, ки Бенямин Нетаняҳу эҳтимол захмӣ ва кушта шудааст. Дар ин матлаб, набудани видеоҳои нави Нетаняҳу, гузоришҳо дар расонаҳои ибрӣ дар бораи тақвияти амният дар атрофи хонаи ӯ, ба таъхир андохтани сафари гузоришшудаи Кушнер ва фиристодаи махсуси ИМА Стив Виткофф ва матни фаронсавии суҳбати телефони Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Нетаняҳу, ки санаи сӯҳбат мушаххас набудааст, ҳамчун далел зикр шудаанд.

Инчунин наворе пайдо шуд, ки дар он худи Нетаняҳу хабарҳоро дар бораи маргаш рад мекунад, аммо дар қисмати охири ин навори кутоҳ вақте дасташ ҳаракат мекунанд, «ангушти шашум» ар панҷаи ӯ дида мешавад. Бинобар ин, корбарон хулоса мекунанд, ки видео қалбакӣ ё бо зеҳни сунъӣ сохта шудааст.

Аммо ягон гузориши боэътимоди хабарӣ ё изҳороти расмӣ вуҷуд надорад, ки тасдиқ кунад Нетаняҳу дар ҷараёни низоъҳо ҷорӣ захмӣ шуда ё аз зери харобаҳо наҷот дода шудааст.

Бархеи дигар бо чанд далел фавти ӯро ҳақиқат медонанд:

  • Нетаняҳу тамоми ҳафта дар назди мардум ҳозир нашуд
  • Нетаняҳу аз ҷаласаи ахири Шӯрои низомӣ ширкат надошт
  • Нетаняҳу вохӯрӣ бо сафири ИМА-ро дар лаҳзаи охир бекор кард
  • Паёми видеоии ӯ бо 6 ангушт ва дандонҳои гумшуда нашр шуд
  • Писари Нетаняҳу дар рӯзҳои ахир аз зинда будани падараш твит накард.

Дар вазъиятҳои ҳассос ва низоъҳо паҳн шудани иттилооти бардурӯғ хеле зуд сурат мегирад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ҳар як корбар қабл аз паҳн кардани хабар тафаккури интиқодӣ дошта бошад. Пеш аз ҳама, манбаи хабарро санҷед, оё маълумот дар расонаи боэътимод нашр шудааст ё танҳо як саҳифаи номаълум дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Истифодаи тафаккури интиқодӣ, санҷиши манбаъҳо ва худдорӣ аз паҳн кардани хабарҳои тасдиқнашуда метавонад ба коҳиши иттилооти бардурӯғ ва нигоҳ доштани фазои солими иттилоотӣ мусоидат кунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад